МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲР

04 июн 2025, 08:50
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Тандурустӣ
50

 Чанде пеш дар шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоира Абдураҳимзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт сухан гуфта шуд.

   Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд. Муовини раиси шаҳр баён кард, ки тибқи тағйироти ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда, ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ истеъмолкунанда ба ҷавобгарӣ (ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум) кашида мешавад. Аз ин хотир, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода бурда, дар баробари ин, маблағи истифодаи онро сари вақт супорад.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки неруи барқ, пардохти саривақтии маблағ ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

  Дар вохӯрии мазкур ба кормандони соҳаи тандурустии шаҳр усулҳои сарфаи неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя кардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонда шуд.

Гуфта шуд, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардидани буҷети оилаҳо ва давлат мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дигар иштирокдорон, аз ҷумла мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Сарабек Асозода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абубакр Идиев, мудири шуъбаи кор бо занони комиҷроияи ҳизб Шодигул Иброҳимова ва раиси шӯрои собиқадорони ҳизб Фотима Табарова бо мардум дар масъалаҳои қонуну қоидаҳои муҳоҷират ва будубош дар хориҷи кишвар, риояи расму русум ва анъанаҳои кишваре, ки муҳоҷир дар он ҷо қарор дорад, донистани забони онҳо, имтиёзҳои нави муҳоҷирони хориҷи кишвар, пайдо кардани шуғли мувофиқ аз ярмаркаҳои кор, тавассути курсҳои омӯзишии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ соҳиби касбу ҳунари дилхоҳ гаштан, истифода аз кумакҳои барои муҳоҷирон пешбинигардида, пос доштани сулҳу дӯстӣ ба ҳамсоякишварҳо, арҷгузорӣ ба либосу расму русум ва анъанаҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ, тарбияи дурусти насли наврас, эҳтироми калонсолон, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, самаранок гузарондани таътили тобистонаи кӯдакон ва ғайраҳо суҳбат намуданд.

 

 


Ҳамчунин дигар наворҳо: