ТСЮ ДОНГЮЙ МУДИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ АЗ ҶДММ «БАҲОР»-И ШАҲРИ ВАҲДАТ БОЗДИД НАМУД

29 апр 2025, 17:25
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Кишоварзӣ / Аксҳо
90

    Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард буданд, аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”- и шаҳр дидан намуданд.

Дар дароматгоҳи маркази шаҳри Ваҳдат меҳмононро раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо нону намак истиқбол намуданд.

Баъдан меҳмонон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” ташриф оварданд. Зимни боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ роҳбарияти корхона ба меҳмонон ҳавзҳои моҳипарвариро муаррифӣ карданд.

Боиси зикр аст, ки имрӯз коргарони ҷавони хоҷагии моҳипарварӣ дар самти тайёр кардани кирминамоҳӣ дар бинои инкубатсионӣ таҷрибаи кофӣ аз худ карда, барои рушди соҳа ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ самаранок фаъолият доранд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: