БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ
16-уми апрел муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд.
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир як қатор иншоот сохта шуда истодааст.
Муовини раис аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва роҳу гулгаштҳои шаҳр огоҳ гардиданд.
Зимни боздид Шоира Абдураҳимзода ба сохтмончиён ва масъулин ҳамсуҳбат шуда, таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашниро вусъат бахшида, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаи худ саҳми арзанда гузоранд.
Бояд гуфт, ки вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баш аз 800 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди он ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


