ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР ДОИР ГАРДИД

08 апр 2025, 07:44
Слайдер / Навид / Навигариҳо
135

  Дирӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода маҷлиси кории назди раиси шаҳр доир гардид. Дар маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон, оид ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои то мактабӣ, пешгирӣ аз танбашавии  нақлётҳо дар шоҳроҳ ва кӯчаҳои шаҳр, тоза намудани шоҳроҳҳо ва хиёбонҳои маркази шаҳр аз партовҳо, пешгирии аз бемориҳои сироятӣ, ҳар ҳафта гузаронидани шанбегӣ дар идораву ташкилотҳои шаҳр, назорат бурдан оид ба савдои кӯчагӣ ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Раиси шаҳр ба масъулини соҳа ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр оид сари вақт иҷро намудани даъвати ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, ба раёсати маорифи шаҳр супориш дода шуд, ки барои ҷалби хонандагон ба озмунҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва пешгирии хонандагон аз ҷинояту ҷинояткорӣ чораҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

 

 

  


Ҳамчунин дигар наворҳо: