Дар шаҳр бо ходимони дин  мулоқот доир гардид

05 апр 2025, 14:36
Слайдер / Навид / Навигариҳо
114

  Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, имомхатибони масҷидҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр вохӯриҳо доир мегарданд. Дар робита ба ин муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода бо ходимони дини шаҳр мулоқот намуд.

 Муовини раиси шаҳр  иброз дошт, ки яке аз нуқтаҳои асосии суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9-уми марти соли 2024  бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, баргузор гардида буд, ин таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва осоиштагии мардум маҳсуб ёфта, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза масъулияти давлат ва ҷомеаро дар ҳимояи манфиати миллӣ, фазои орому осоишта бештар мегардонад. Ходимони дин низ бояд дар ин ҷода бетараф набошанд. Гузашта аз он имомони масҷидҳо масъулияти бештар дошта, ҳамкориашон бо раисони маҳалла, нозирони минтаъқавӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста ва ҳамарӯза бошад. Зикр шуд, ки пеш аз ҳама худи ходимони дин бо амалу рафтор ақидаю мавқеъ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ намунаи ибрат бошанд.

 Ҳамзамон, гуфта шуд, ки ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ободонии диёр, пешгирии қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳм гузорад.

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ баён гардид, ки масулониМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаю бахшҳои назди он  кӯшиш менамояд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадорон ва ходимони динро ба хотири возеҳ фаҳмонидани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, бештар ба мардум масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, тақлиди либосҳои бегона, фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, садди роҳ нашудан дар идомаи таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон ва савоби ҳаҷи умра, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаҳмонанд.

Дар фарҷоми мулоқот бурд ва камбудиҳои соҳа баррасӣ гардида, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.

   

Ҳамчунин дигар наворҳо: