Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

10 ноя 2024, 09:00
Барқияҳо / Навигариҳо
4

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла занону кӯдакон бар асари ҳамлаи террористи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаи он кишвар ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:  

“Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи неруҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем. Ҳамдардиву таслияти амиқи инҷонибро ба Шумо, аҳли наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва мардуми дӯсти Покистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем”.

Ҳамчунин дигар наворҳо: