МУОВИНИ РАИСИ ШАҲР БО РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ШИНОС ГАРДИД
Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари шаҳру деҳоти шаҳр дар соҳаи маориф корҳои сохтмонию азнавсозӣ бо маром идома дорад. Ваҳдат чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи мориф ривоҷу равнақ пайдо кардааст. Ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд. Ҳамин ободкориҳост, ки санаи 11-уми марти соли ҷорӣ муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода ва сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шодмон Абдураҳимзода аз рафти сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №51- и деҳаи Гирдоби Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов дида карданд. Бинои мазкур аз ду ошиёна иборат буда, дорои 9 синфхона ва 520 ҷойи нишаст мебошад. Бино дар доираи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Зимни боздид ба муовини раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №51 аз ҳисоби кумитаи маҳал ва соҳибкори маҳаллӣ Солеҳов Шерзод бунёд гардида истодааст.
Баҳриддин Мирзозода, пас аз шиносоӣ аз рафти сохтмон ба масъулин ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:


