ВОХӮРӢ БО МАОРИФЧИЁНИ ШАҲР  

09 мар 2025, 04:31
Маориф / Навид / Навигариҳо
22

  Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода бо маорифчиёни шаҳр ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он сардори раёсати маорифи шаҳр, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шодмон Абдураҳимзода, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар масъулон иштирок намуданд. Зимни ҷаласа муовини раиси шаҳр  зикр намуд, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои шаҳр ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.

 Маорифчиёни шаҳро зарур аст, ки барои дар сатҳи хуб татбиқ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати амалишавии он ба таври зарурӣ фаъолият намуда, тамоми иқтидори худро сарф намоянд. Ҳамзамон, зикр шуд: “Омўзгори асилро зарур аст, ки ҳастии худро ба донишандӯзии фарзандони халқ сарф намояд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донад, барои босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон заҳмат кашад ва бо ин восита инсони комилро ба воя расонад. Чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад. Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд”.

 Дар охир Баҳриддин Мирзозода, бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини муассисаҳои таълимии шаҳр бо кадрҳои омӯзгорию китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти таъмини хонандагон ба ғизои мактабӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, дигар масъалаҳои мориф дар маҷлиси кории муовини раиси шаҳр матраҳ гардид.

 Котиби матбуотии раис шаҳр 

 

  

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: