Дар шаҳри Ваҳдат Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст шуд

03 мар 2025, 17:01
Слайдер / Маориф / Фарҳанг / Ҷавонон ва варзиш / Навид / Навигариҳо
13

  Имрӯз дар толори Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдат, Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ доир мешавад, ҷамъбаст гардид.

Дар даври ҷамъбастии он гулдухтарони атласу адрас ва чаканпӯш аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гирди ҳам омада, намунаҳои либосҳои миллиро, ки тарроҳону чеварони маҳаллӣ омода намудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Зикр шуд, ки ҳамасола баргузор намудани озмуни «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.

  Дар Фестивал Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси шаҳр иброз доштанд, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст.

Бояд гуфт, ки Фестивали «Сад ранги чакан» ба хотири баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллӣ ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст. Ин Фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз норавшани анъанаҳо, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулу сӯзаниву тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд. Маҳз баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани тамаддун, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии зебою шинами бонувон, равнақи фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф суръати тоза мебахшад. Инчунин, ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану попурӣ, читу атласу адрас, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занон мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони даври аввали Фестивал муайян гардида, беҳтаринҳо бо намунаи ҳунари худ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 

Котиби матбуотии раиси шаҳр 

 

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: