Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Сайри такомул андар решаёбии таҳдидҳои зиддитоҷикии толибон

Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон,

Мешавад фармонпазири дигарон.

                                                                             М.Иқбол

         Мақолае, ки таҳти номи фавқ ба таваҷҷуҳи хонанда расонида мешавад, тобиши ҳушдоргуна ва тадқиқоти таҳлилиест, ки бо мақсади канорагирӣ аз иштибоҳҳои замона ва такрори ҳодисаҳои таҳрикомези хатарзои гузашта ва барои посухи қотеъ ба раҳбарони ҳаракати мутлақандеш ва вопасгарои «Толибон» (созмони террористии манъшуда дар давлатҳо-аъзои ИДМ) нигошта шудааст.

Саволҳое, ки имрӯз зеҳни ҳар як фарди бедори ҷомеаро халалдор менамояд, ин аст, ки чаро толибон маҳз бо гирифтани қудрат ба ҷониби Тоҷикистон сангпартоӣ менамоянд? Мақсади онҳо аз ишораҳои нораво ба Тоҷикистон бо гӯшзади «ҳар амал подоши худро дорад» чӣ паёме дорад? Таҳкурсии таҳдиду хатарҳои толибон оё таҳкурсии воқеӣ дорад ё не? Оё толибон иқтидори ҷангии кофӣ доранд, ки ҷангҳои ниёбатӣ (гибридӣ) дар қаламрави кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро роҳандозӣ намоянд?      

Ҷавоб дар мадди аввал бисёр одӣ ба назар мерасад. Њукумати аввали толибонро маҳз тоҷикон шикаст доданд, зеро дар тӯли 5 соли ҳокимияташон аз соли 1996 то 2001 аз халқ фосила гирифта дар музахрафоти мазҳабӣ вомонда, арзишҳои кӯҳнаи дар умқи асри миёна ғӯтаварро паҳн мекарданд. Сабаби аслӣ аз он иборат аст, ки ҳаракати қурунивустоӣ пойгоҳи мардумӣ дар вилояту шаҳрҳои форсизабонони Кобул, Мазори Шариф, Толуқон, Бадахшон, Саманон, Бағлон, Ѓур, Фароҳ, Нимрӯз, Чоряккор, Парвон, Панҷшер, Ҷузчон, Њирот, Сарипул надорад ва ин монеаи айниву зеҳниро бароварда аз ҳузури барҷастаи тоҷикони Афғонистон медонад. Дар он замон, ҳамчун бегона ҳукм меронданду афкори зиддитолибии мардумро дар мадди назар намегирифтанд, ки «оқибати кор ҳар он чи кошт, он даравад»-ро ба бор овард.    

Сараввал, гуфта шавад, ки толибон, он кӯҳнандешони аср ва  кӯтаҳфикрони ҳошиясози таърихӣ на нақша доранд дар зиндагиву на ақлу тамиз, ки тавони ба сӯи ин тарафи Омӯ амале анҷом диҳанд. Толибон бо тиннати анъанавии ғафлатзадагие ки доранд, намедонанд, ки дар сурати кӯшиши халалдор кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон хати пеши ҷабҳаи ҷанг аз маҳаллаи Хайрхона ва Кӯҳдомани Кобул ва ҳироту Мазори Шариф хоҳад гузашт, ки аҷдодони сарбадори тоҷики ин минтақа чандин бор бобоёни ин ноқилини ҷанубии кӯҳҳои Сулаймонхелро лагадмол ва пузашонро ба хок молида буданд.

Ҷиҳати мағзшӯии толибони имрӯза бояд таъкид гарад, ки тоҷикҳо ҳамчун халқи фарҳангсолор ва тамаддунсоз дар имтидоди таърих ҳамеша нақши маърифатпарвариро дар байни мардуми Шарқ, хусусан дар байни қабилаҳои кӯчии паштун, ки дар даврони амири қотил Абдураҳмон дар солҳои 1895 - 1900 ба вилоятҳои тоҷикнишини Марказ ва Шимол ба таври оммавӣ кӯчонида шуда буданд, ифо намудааст.  

Омили дигаре, ки ҳар тоҷики закиву доно бояд бидонад, ин аст, ки аслофи толибон аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ, Дӯстмуҳамадхон, Шоҳ Шуҷоъ, Шералихону Њабибиллохону Амонуллохону Нодиршоҳ то Ашраф Ѓанӣ Аҳмадзай ҳамвора бо кишварҳои хориҷӣ муомилаҳои сиёсии машкукро роҳандозӣ карда, Хуросони таърихиро ба хасму хун мекашониданд. Як назари иҷмолӣ ба муоҳидаи Абдураҳмонхон бо котиби 2-юми сафорати англис Дюранд дар соли 1897 кофист, ки дида шавад, ки Хуросони таърихиро ду тақсим кард. Ин тоҷикони Хуросон бо форсивони ҳазораву туркони порсигӯ буданд, ки ба ин муомилаҳои шубҳаноки онҳо ҷавоби рад дода, лашкари мардумиро мунсаҷим карда, посухи дандоншикан ба муомилагарони қабила ва ёрони вафодорашон дар симои хориҷиҳои истилогар медоданд. Замоне, яке аз аз лашкаркашони тоҷик бо номи Мир Ѓулом Ќодири Упёнӣ дар сурате ки ҳама амирони паштутабор аз майдони ҷанги 2-юми афғону англис по ба фирор бурда буданд, гуфта буд:

Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,

Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.

Маҳз ба ҷасорат, дониш ва биниши орифонаи тоҷикон аҷдоди қабилаи биёбонӣ рангу бўи тоза ёфт, низоммадор шуду ба расмият даромад. Тафаккури миллии умумиафғонӣ то андозае шакл гирифт. Тоҷикҳо ҳамеша нақши омӯзгорро барои дигарон мебозиданд, ки аз забони онҳо ба гуфтаи адиби шинохта «баробари оҳанги дардҳои миллат, навои ҳузнангези иллатҳои миллат низ шунида мешуд».

         Толиби миёнаоморӣ, ки ҳоло кадуро аз бодиринг фарқ намекунад, аз ҷумлаи афроде ҳаст, ки танҳо пазириши арзишҳоиботилвахомиифротиродораду худхоҳумағрур аст, балки нисбат ба инсонҳонафратибеандозадорад. Ҷанҷолдӯстдорупархошгар аст. Агар ин хислатҳоёру ёвари ӯ намебуд, оё мақолеро ба ёд намеовард, ки «Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот,тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ», ки он боризтарин баёнгари ҳувияти толиби имрӯза аст. Ин толиб намедонад, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳ афроди муомилагар надоштааст, ки раҳи терористонро барои кӯчаву гузараш ҳамвор кунад. Тоҷикон урдуи муосир ва рӯҳияи ҷангии олӣ доранд. Онҳо дар умқи кӯҳҳо ҷой гирифта дар ин 100 соли охир аз кӯҳистон шаҳристон сохтанд, аз кӯҳ сангар дуруст карданд барои рӯзи мабодо. То яке аз рӯзҳо, қабри душманро дар тепау талаи кӯҳистон чуқур бикананд. Тоҷикони ин Пори рӯди Омӯ 30 сол аст, ки таҷрибаи ҷангӣ касб кардаанду давлати соҳибистиқлол сохтанду ташнаи муҳорибаанд, ки ҳам худ ва ҳам ҷаҳониёнро аз вабои аср бо номи толиби ваҳшимизоҷ раҳо бахшанд.  

       Душманони даҳр ва ноқобилони қабилавӣ надонанд, ки оқилон аз як сурох, ду бор барнаоянд. Сангари адолатпарваронаи муборизаи тоҷик шиор ва нишони мушаххас дорад:            

Дил ба раҳи Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?

Дар ғаму шодиаш шарик, ман нашавам, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои он шиор, ман накунам, кӣ мекунад?

Сангзода Шерафкан, коршиноси умури сиёсӣ

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov