Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

ТАВБАИ КАБИРӢ Ё МАКРИ КАБИРИ Ӯ. Исботи чил дӯруғи рӯирост ва шасту шаш ҳиллаи М.Кабирӣ дар гуфтугӯ бо Д.Атовуллоев

Чанд рӯз пештар бахши тоҷикии радиои америкоии «Озодӣ» баҳси ду шахси мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари ташкилоти манъшудаи ҳизби наҳзати исломӣ М.Кабирӣ ва роҳбари ташкилоти «Ватандор» Д.Атовуллоевро ташкил кард, ки дар рафти он масъалаҳои бисёре ошкор гаштанд. Хусусан, дараҷаи олии макру ҳилла ва методҳои бозии сиёсии М.Кабирӣ, ки ба меъёрҳои мардонагӣ ва исломӣ ягон умумияте надошт. Дар ин рӯзҳо дар бораи ин баҳс зиёд навиштанд, аммо мо ҳамчун таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, хостем ҳиллаҳои рӯирости авомфиребонаи М.Кабириро таҳлил карда, макри кабири ӯро ба хонадагон нишон диҳем, то худашон хонанду хулоса бароранд:

1.М.Кабирӣ дар ин суҳбат худро ҷонибдори ҳамкориҳо гирифта, изҳор намуд, ки бо шахсиятҳо ва қувваҳои гуногуни тоҷик дар Аврупо суҳбат мекунад ва ҳамкорӣ мекунад. Аммо тибқи шаҳодати тамоми тоҷикони муқими Аврупо, ӯ ҳаргиз ба ҳамкорӣ тайёр нест, балки баръакс, ӯ тоҷиконро дар Аврупо бераҳмона шикор мекунад. Онҳо ё бояд сайди ӯ шаванду ба домаш афтанд ва ё қурбонии ғазаби ӯ мегарданд. Ягона шарти Кабирӣ барои ҳамкорӣ тобеъ шудан ба ӯст. Шарт яктост: Агар Кабириро эътироф кунед, дар атрофи «устод» муттаҳид шавед, марҳамат, тамоми шароит фароҳам, ҳуҷҷатҳотон дар Аврупо тахт, статуси паноҳандагӣ дар Аврупо тайёр. Агар қабул надорӣ, муҳосираи молӣ, фишор аз тариқи хадамоти махсуси аврупоӣ, сиёҳкунӣ дар назди давлатҳои Аврупо ва ҳуҷуми иттилоотӣ ба воситаи фабрикаи сиёҳкунии ТТЭ ҲНИ. Маҳз Кабирӣ як нафар мухолифи дигар профессор Абдуссалом Одиназодаро барои тобеъ нашудан ба ӯ қариб аз байн мебурд. Мушкилаш бо шахсиятҳои тоҷики дар аврупобуда чун Д.Атовулло, С.Дӯстмуҳаммадиён, Ҳ.Бобоёров, А.Абдуваҳҳоб, Б.Аминӣ, И.Назар ва ғ. ҳам дар асл ҳамин аст, ки онҳо ба Кабирӣ тобеъ намешаванд ва «устодро қабул надоранд».

Бо ҳамин сабаби худхоҳии М.Кабирӣ ҳатто писари С.А.Нурӣ Қорӣ Муҳаммадҷон ҳам худро аз Кабирӣ дур гирифта мегардад. (Барои маълумот бояд гуфт, ки писару хешутабори С.А.Нурӣ ва умуман наҳзатиҳо аз сиёсати оилавии М.Кабирӣ шадидан норозӣ буда, дар атрофи М.Садриддин ҷамъ шудаанд, ки шояд ба наздикӣ ҷиноҳи худро таъсис намоянд.)

Агар тафсилоти ин сиёсати худхоҳию яккатозию авлодбозии Кабириро аз рӯшанфикрону шахсиятҳои мустақили тоҷик дар Аврупо шунавед, шакке намемонад. Ин ҳам дараҷаи олии дурӯғу беҳаёии рӯирости Кабирист, ки гӯё тарафдори ҳамкорӣ бо ҳама будааст. Вале намегӯяд, ки ба шарти мутлақан тобеъ шудан ба ман!

2.М.Кабирӣ дар ин суҳбат дар бораи гӯё дар байни наҳзатиҳо амал кардани «Кодекси ахлоқӣ» дурӯғи рӯирост гуфт ва иддао кард, ки тибқи ин кодекс ҷонибдорони ӯ ҳаргиз касеро туҳмату таҳқиру дашном намекунанд. Ин афсонаи рӯирости Кабирӣ буд. Зеро дар интернети тоҷикӣ бадзабонтарин, туҳматчитарин ва ҳақоратчитарин сомонаю саҳифаҳо маҳз ба атрофиёни М.Кабирӣ тааллуқ доранд. Масалан, ҳама медонем, ки ҷоҳили рақами яки интернет Муҳаммадиқболи Садриддин, ки 24 соат дағалию беадабӣ содир мекунад, ҳамчунин, таҳқирчиёни машҳуртарин чун Муҳаммадҷони Кабирӣ, Муҳаммадшарифи Абдулло, Амруллоҳи Низом, Муҳамамд Шарифзода, Муҳаммад Мавлавӣ Муҳаммад, Сиддиқи Акбар ва ғайра, ки ба ҷуз туҳмату ғайбату ҳақорат ягон гуфтании дигаре надоранд, ҳама наҳзатиёни Кабирӣ ҳастанд. Кабирӣ инро медонад, ин раванди таҳқиру ҳақоратро худаш идора мекунад, аммо рӯирост дурӯғ мегӯяд, ки ҷонибдорони ман тибқи кодекси ахлоқ рафтор мекунанд. Астағфируллоҳ!!! Шояд тибқи кодекси таҳқиру туҳмат бошад?

3.Дурӯғи дигари ӯ ин буд, ки М.Кабирӣ дар ин барнома худашро «Раиси Паймони миллӣ» муаррифӣ карда, чунин нишон дод, ки гӯё ташкилотҳои гуногуне дар атрофи ӯ ҷамъ шуда, Паймони миллиро ташкил карда бошанд. Аммо рақиби ӯ Д.Атовуллоев пурра фош кард, ки дар асл Паймони миллӣ ва ТТЭ ҲНИ аз ҳам фарқе надоранд, балки он маҳфили ҳамон наҳзатиёни ифротӣ буда, дар шароити Аврупо барои пӯшиш ва фиреб кардани мардум акнун «ҳизби наҳзат»-ро «паймони миллӣ» меноманд Ва дар ҳамин вақт М.Кабирӣ ногаҳон сирро фош карда гуфт, ки «бале, бале, паймони миллӣ маънояш ин нест, ки фарогири миллат бошад, ин ном фақат як рамз аст». Оре, гоҳо гурги борондида ҳам иштибоҳ мекунад…

(Дар бораи истилоҳи рақиб бояд гуфт, ки дар журналистикаи касбӣ тарафи муқобили баҳсро (дебатро) оппонент ё рақиб меноманд.  Дар тӯли баҳс Д.Атовуллоев дар нисбати М.Кабирӣ пайваста калимаи рақиб, яъне тарафи муқобили баҳсро истифода кард. Аммо наҳзатиён ба маънои истилоҳ сарфаҳм нарафта, ҳангома доранд, ки Д.Атовуллоев худро рақиби М.Кабирӣ эълон кард, аммо М.Кабирӣ Д.Атовулооевро ҳамчун рақиб эътироф накард. Ин ҳам нишонаи бехабарӣ аз фарҳанги баҳс аст).

4.Аммо М.Кабирӣ барои гурехтан аз ҳақиқат дар баҳс бо Д.Атовуллоев ҳиллаи маъмулро истифода кард, ки он хоси охундҳо ҳаст. Яъне, дар 80% ҳолатҳо ӯ ба саволҳо ҷавоби мустақим надод ва аз ҷавоб гурехт. Д.Атовулло ӯро инсон ва мард гумон карда, барои фаҳмидани ҳақиқат саволҳо медод, аммо ӯ ҳилла мекарду умумӣ мегуфт, то савол гум шуда гузашта равад. Дар тамоми музокираҳо охундҳо ҳамин хел рафтор мекунанд. Масалан, агар бо овардани факту мисолҳои дақиқ савол диҳед, ки «Барои чӣ Шумо бар зидди давлати мо одамонро таёр мекунед?» Онҳо ба ҷойи ҷавоби мустақим, мавзӯъро гурезонда, мегӯянд, ки «Оғоҷон, биёед аз дӯстӣ ва бародарӣ бигӯем, ин ҳарфоро монед…» Аммо худ нағз медонанд, ки саволи Шумо дуруст буд, лек кори худашонро кардан мегиранд.

Аз ҳамин назар, шояд худи идеяи баҳси оммавӣ бо М.Кабирӣ хато аст, чунки мақсади ӯ баҳс кардан ва ёфтани ҳақиқат нест, балки пайгирии ҳадафу манфиатҳои худаш ва супоришҳои доштааш аст. Бинобар ин, ин баҳс дар асл манзараи ҳиллабозии М.Кабирӣ дар саҳнаи «Озодӣ» буд. Ҳиллае, ки онро тамоми музокирачиён ҳамеша истифода мекунанд. Як бор дар интернет кофта бинед, шубҳа намемонад.

5.Кабирӣ дар ин баҳс рӯирост иддао кард, ки он касоне, ки ҳақорату таҳқир мекунанд, одамони мо нестанд ва мавқеи шахсии худро мегӯянд; бинобар ин, ман масъулияти онҳоро ба ӯҳда надорам. Ин низ дурӯғи ошкорои ӯст. Зеро, боз ҳам, модари дурӯғгӯёни интернетӣ ва вулқони дағалию ҳақорату бешармӣ М.Садриддин дар шабакаи «Ислоҳ» ҳар рӯз расман худро намояндаи ТТЭ ҲНИ гуфта, баромад мекунад, аз номи он гап мезанад, аз «устод Кабирӣ»-аш иқтибос меорад, фаъолияти наҳзатро инъикос мекунад. Кабирӣ бо кадом рӯй метавонад гӯяд, ки ӯ аз мо нест? Гурӯҳи ҳақоратчиёну туҳматчиёни наҳзатӣ бошад, ҳамаашон шахсони наздиктарини Кабириянд. Муҳаммад Кабирӣ, писари акои М.Кабирӣ ва ёрдамчии шахсӣ ва роздони ӯст. Робитаҳои махфӣ аз тариқи ӯ анҷом мешаванд. Ӯ расман раиси бахши робитаҳои ҷамъиятии ТТЭ ҲНИ аст. Маҳмадшарифи Абдуллоҳ писари хоҳари М.Кабирӣ аст ва Амруллоҳи Низом домоди Кабириҳост. «Паём.нет», «Востокнюс» ва «Ислоҳ.нет» расман расонаҳои худи ТТЭ ҲНИ ва минбари ин онанд. Пас, Кабирӣ чӣ қадар берӯй бошад, ки рӯирост мегӯяд, ки он одамони мо нест, расонаи мо нест, мавқеи ман нест? Ку дину ислому виҷдон?

6.Дар ин баҳс Д.Атовуллоев ва баранда ду бор дар бораи вобастагии ҳизби наҳзат ба сипоҳи посдорон савол гузоштанд. М.Кабирӣ рӯирост бо камоли бевиҷдонӣ аз он гурехт ва инкор кард. Албатта қудрати сипоҳро зимнан таъриф карду монд. Дар ҳоле, ки пурра исбот шудааст, ки тамоми хароҷоти наҳзат аз тарафи ин нерӯи махсус таъмин мешавад ва ҳама дастурҳо аз он ҷо меоянд. Роҳбарони собиқи наҳзат Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмиддин Сатторов, ки дар лагерҳои террористии сипоҳ ба террористони наҳзатӣ дарс додаанд ва худи террористони дастгиршуда, аз ҷумла Муслим Кузов ва нафаронаш сад дар сад шаҳодат додаанд, ки наҳзатро сипоҳ идора мекунад ва Кабирӣ ҳам ҳар гоҳ ба мулоқоти «муҷоҳидин» меравад, аммо ӯ рӯирост ҳамаи инро инкор кард. Расонаи сипоҳи посдорон «Тасним» минбари доимии наҳзатиён аст ва Кабирӣ инро ҳам тобонда инкор кард. Ин дурӯғи бузургтарини ӯ буд, ки то ин дараҷа беҳаё буданашро нишон дод.

7.Кабирӣ ба савол рӯирост ҷавоби дурӯғ дод, ки ТТЭ ҲНИ «фабрикаи ҷавоб» надорад. Аммо агар ба фазои иттилоотӣ нигаред, як гурӯҳи калони муштараки ҳамоҳангшуда барои ҷавобнависӣ, таҳқиркунӣ ва сиёҳкунии шахсоне, ки зидди наҳзат ягон ҳарф мегӯянд, доиман фаъолона кор мекунанд. Тарзи рафтор ва сабки онҳо ба ҳамаи корбарон маълум аст. Масалан, агар касе дар бораи наҳзат чизе нависад, аввал гурӯҳи ҳақорат М.Садриддин, М.Кабиров, Муҳамадшарифи Абдулло, Муҳаммад Шарифзода ва ғ. таҳдиду ҳақоратборони он шахсро оғоз мекунанд, сипас «мавлавиҳо»-е чун Муҳаммад Мавлавӣ Муҳаммад ва Сайидюнуси Истаравшанӣ аз нигоҳи ду мазҳаб ҳукми мунофиқу кофиру тоғутро нисбати ӯ эълон мекунанд, баъд «дипломатҳо» ба кор медароянду Бобоҷони Қаюмзод, Маҳмадсаид Ризоӣ, Шавкат Муҳаммад мулоим карда иловаҳо мекунанд ва дар охир «зиёиён»-и маошгири наҳзат Темури Варқӣ, Зафари Сӯфӣ ва ғ. тафсир мекунанд ва ниҳоят «фаррошзани наҳзат» Мавҷуда Соҳибназарова низ як неш зада мегузарад. Албатта чанд нафар вазифаи бознашри ин маводҳоро доранд, ки рӯйхати номи онҳо тӯлонӣ мешуд. Сенарияи ҷавобдиҳии наҳзатиҳо бар зидди танқидгарон дар ин чанд сол аллакай шакли муайян гирифтааст ва он барои хонандаи закӣ ошност. Худи М.Кабирӣ аз хондани комменту ҷавобҳои онҳо лаззат бурда, ба воситаи Амруллоҳи Низому Муҳаммад Кабиров онҳоро ислоҳу таҳрир мекунад. Баъзе ҷузъиёти ин фабрикаро Абдусалом Одиназода дар наворҳояш пурра фош кардааст. Ҳамин сенарияи ҷавобу сиёҳкуниро дар зери аксари маводе, ки дар он наҳзат танқид шуда бошад ё ҳукумат дастгирӣ шуда бошад, меёбед. Як бор дар интернет ҷустуҷӯ кунед, худатон мебинед. Ин ҳамон «фабрикаи ҷавоб»-и наҳзат аст, ки нақшҳо дар он дақиқ тақсим шудаанд…

Пас дар ин маврид низ М.Кабирӣ дар назди мардум рӯирост дурӯғ мегӯяд.

8.Дар вақти баҳс М.Кабирӣ ба дурӯғ эълон кард, ки ӯ як «муҳоҷири паноҳандаи оддӣ» аст ва барои муборизаҳояш пулаш намерасад. Ин ҳам дурӯғи кабираи ӯ буд. Зеро ҳамаи шоҳидон медонанд, ки ҳоло М.Кабирӣ бо аҳли авлодаш дар Аврупо дар шароити олитарин зиндагӣ карда, тамоми авлодаш бо хонаву ҷой таъмин буда, бо мошинҳои қимматтарин мегарданд. Ӯ ба номи фарзандон ва бародарзодаю хоҳарзодаҳояш дар кишварҳои аврупоӣ даҳҳо тиҷорати нав кушода, даромадҳои калон ба даст меорад. Дар умум, ӯ то имрӯз ҳудуди 70 нафар аз аҳли авлодашро бурда, дар Аврупо ҷой карда, соҳиби хонаву мошину тиҷорат кардааст, ки ба ҳисобҳои аврупоӣ ин миллионҳо доллар харҷ дорад. Тибқи ҳисобҳои расмии исботшуда дар 4 соли охир ӯ аз мақомоти махсус беш аз 8 миллион доллари ИМА барои «ба роҳ мондани мубориза бар зидди давлати Тоҷикистон» гирифтааст, ки чанде пеш ҳатто шумораи ҳисобҳои бонкии онҳо фош ва чоп шуда буданд. Ҳар наҳзатӣ ҳоло дар Аврупо як мағоза ё ресторан кушода, пулҳои хориҷиёнро «оборот» дода истодааст. Охирин намунааш моҳи сентябр кушода шудани ресторани сухангӯи ҳизби наҳзат Бобоҷон Қаюмов дар Литва аст. Илова бар ҳамаи ин, моҳи гузашта наҳзатиён эълон карданд, ки шабакаи телевизонии моҳвораӣ бо номи «Т+» таъсис намудаанд ва маълум аст, ки барои таъсиси чунин шабака миллионҳо доллар лозим аст. Ана вазъияти молиявии «паноҳандаи оддии бечора»! Пас ҳамин чанд факт нишон медиҳад, ки ин сухани М.Кабирӣ як макри ошкорои дигари ӯ буд. Аҷиб аст, ки ӯ акнун бе ягон шарму ҳаё дурӯғ мегӯяд, ана сабақи мактаби охундӣ!

9.М.Кабирӣ дар ин суҳбат гаштаву баргашта худро нерӯи пешқадами озодихоҳ, мубориз ва демократу либерал метарошид. Аммо командаи ҷоҳили ин «демократ» ҳамеша олимону рӯшанфикрони кишварро таҳқиру таҳдид карда меистад. Ин фанатикҳои ҷоҳил нисбати Ҳафиз Бобоёров, Абдулқодир Талбаков, Комил Бекзода, Мирбобо Мирраҳимов ва дигар рӯшанфикрон чӣ таҳдиду таҳқирҳо гуфтанд, ки ҳама медонем. Аз ин шармандатар, роҳбари бахши робита бо ҷомеаи ТТЭ ҲНИ, яъне шахси расмии ин ташкилот, ёрдамчии шахсӣ ва наздиктарин одами М.Кабирӣ ва бародарзодаи ӯ Муҳаммад Кабиров нисбат ба олими тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо ҳукми 80 тозиёна содир карда буд. Чунин амалҳои ҷоҳилонаи гӯшношунид, ки ба ҷаҳолати асрҳои миёна дахл дорад, дар асри XXI дар таърихи муосири Тоҷикистон аз сӯи наҳзатиҳо рух дода истодааст! Аммо М.Кабирӣ ин суханони Д.Атовуллоевро бо табассуми макр гӯш карда, ин амалҳои нангину доишии шогирдону ҳизбиёнашро ҳатто маҳкум накард. Ин амали ӯ ҳам бешармӣ ва ҳам дар асл як нерӯи доишӣ ва толибонии ҷоҳилӣ будани ТТЭ ҲНИро нишон дод. Ҳақиқат ин аст, ки М.Кабирӣ ин рафтори ҷоҳилонаи наҳзатиҳоро на танҳо ҳеҷ вақт расман маҳкум накардааст, балки худаш муаллифи ин дастуру фатвоҳост.

10.Аммо бузургтарин ҳиллаи М.Кабирӣ ё макри кабири ӯ тавбаю узрхоҳии гургонаи ӯ дар ин барнома буд. Ӯ худро шахси беозор, хайрхоҳ, бомаданият ва ҷонибдори созиш нишон дода, аз касоне, ки аз дастаи авбошони ӯ озор дидаанд, «узрхоҳӣ» намуд ва аз гуноҳҳои кардааш «тавба» кард. Аммо тавре дар урфият мегӯянд, меъёр амал аст. Пас вақте ба амалҳои М.Кабирӣ менигарем, мебинем, ки ин узру тавбаҳо комилан дурӯғ ва макр аст. Зеро оё имкон дорад, ки як одам аз ин тараф узр пурсаду аз тарафи дигар гурӯҳи авбошашро ба сари ин ё он рӯшанфикру мухолифи наҳзат сафарбар кунад, ки таҳқиру сиёҳ кунед? Оё имкон дорад, ки ӯ аз як сӯ тавба кунаду аз тарафи дигар дар лагерҳои баъзе аз давлатҳои хориҷӣ дар муқобили Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ тайёр кунад? Ин ҳолат исбот мекунад, ки Кабирӣ мактаби охундҳоро бисёр хуб омӯхтааст ва дурӯғ гуфтан барои ӯ дигар «гуноҳ» ҳисоб намешавад, зеро ин таълимот барои манфиат гуфтани дурӯғро иҷозат медиҳад.

Барои исботи ин суханон биёед якҷоя як санҷиши ҷамъиятӣ мегузаронем. Ҳама шунидем, ки роҳбари гурезаи наҳзатиён М.Кабирӣ «аз тамоми гуноҳҳои кардааш» тавба кард. Оё ӯ аз пагоҳ аз фаъолиятҳои ифротгароиву террористӣ бар зидди миллат ва давлат даст мекашад? Не, даст намекашад. Пас тавбааш дурӯғи маҳз аст. Оё аз фардо дафтари ҳизби наҳзат дар хориҷа (роҳбараш Неъматулло Амонбеков), ки ба ҳамоҳангсозии интиқоли наҳзатиён ба лагерҳои террористӣ машғул аст, расман баста мешавад? Не, намешавад. Пас тавбааш комилан дурӯғ аст.

Ҳамаи мардум шуниданд, ки М.Кабирӣ дар эфир ба тарафдоронаш дастур дод, ки аз фардо таҳқир, дашном ва туҳматро бас кунанд. Ва фармон дод, ки «ҳатто барои ҳимояи худ» ҳам ҷавоб навиштанро қатъ кунанд. Оё аз пагоҳ дастаи таҳқиргару автоответчикҳои наҳзатӣ чун М.Садриддин, М.Кабиров, Муҳамадшарифи Абдулло, Муҳаммад Шарифзода, Муҳаммад Мавлавӣ Муҳаммад ва ғайра таҳқиру таҳдиду ҷавобнависиро қатъ мекунанд? Албатта бас намекунанд, зеро аввалан, ин туҳматнависию ҷавобнависӣ вазифаи корӣ ва «нони даҳан»-и онҳост. Дуввум, онҳо ҳам «устод»-и худро хуб шинохтаанд  ва медонанд, ки ин «фармон»-и М.Кабирӣ дар асл як макри кабири ӯ дар назди омма мебошад.

Ҳамин тавр, биёед, пас аз як моҳ натиҷаи «тавба» ва натиҷаи иҷрои  «дастур»-и М.Кабириро, ки ин ҳафта дар баҳс бо Д.Атовуллоев дар радиои «Озодӣ» дар пеши ҳамаи бинандагон садо дод, бо ҳам месанҷем. Ман пешакӣ мегӯям, ки дурӯғ будани ин тавбаю ин фармони ӯ ба зудӣ исбот мешавад. Чуноне, ки дар ин солҳо даҳҳо дурӯғи ӯ исбот шудааст.

P.S. Латифаи рӯз

Вақти нашри мавод дар саҳифаи яке аз корбарони фейсбукӣ латифаеро дидам, ки тамоми моҳияти суҳбатҳои М.Кабирӣ ва тамоми ҳақиқатҳоро, рӯирост инкор кардани ӯро ба таври бисёр зариф, вале дақиқ ифода мекунад:

«Д.Атовуллоев: – Росташро гӯед, магар Шумо раиси ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ нестед?

М.Кабирӣ: – Бубинед…, ин як туҳмати ошкор аст, ки режим паҳн кардааст… ва Шумо ҳам бовар кардед…» 

Ин аст чеҳраи чил дурӯғи инсоне, ки барои манфиати андаки худу хоҷагонаш на танҳо ҳақиқату воқеият, на танҳо ватану миллат, на танҳо падару модар, балки ҳатто худро низ рӯирост инкор мекунад!

Бахтиёр Холиқов,

коршиноси масоили сиёсӣ

 Чоп кунед
 
 
 
 
 
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2020 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov