Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

ТОЛИБОНИ АФҒОНИСТОНӢ ХАТАР НАДОРАНД, ДУШМАНИ МИЛЛАТ НАҲЗАТИҲОЯНД

Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеатаҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Вале дар асл, Ҳаракати Толибон, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарзбоТоҷикистонро таҳтитасарруф қарордодаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣва бахусус, ҶумҳурииТоҷикистон дар таносуб бо неруҳоидигаритундгарурадикалӣ, аз ҷумлаташкилотитеррористиюэкстремистии наҳзатиисломӣ хатарнок нест. Ба ин мазмун, қатъиназаразонки Ҷумҳурии Тоҷикистонбо ҶумҳурииисломииАфғонистонбешаз 1400 километр сарњад дорад, имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ваамниятӣ бакишваримотаҳдиднамекунад. Азинлиҳоз, аз ҷониби Ҳаракати Толибон мо ҳеҷ гунатаҳдидухатарероэҳсоснамекунем. Дигар ин ки Толибон ва забткориҳоионҳо мушкили давлату миллати мо нест ва ҲукуматифеълииАфғонистондардоираимузокироти дуҷониба масоили баҳсиихудро расидагӣ хоҳадкард.

Аз ҷонибидигар, ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзимарзубумвасарҳадидавлатӣ азтамомиимконотистифодамебарадвадарростоитавонмандиюиқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйидастмегирад. Гузашта аз ин, неруҳоисарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистондарсатҳибаландиомодагии ҳарбиюнизомӣ қарордорандвадарсуратибурузи ҳаргунатаҳдидухатари берунӣ аз давлату меҳанвамардумикишвар сарбаландона ҳимояткардаметавонанд.

Аммо оворагардони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ, ки баъди содир кардани хиёнату ҷиноятҳо ба хориҷагурехтаандва ба иғвоюдасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд, душмани ягонаи миллати тоҷиканд. Наҳзатиҳо то ҳануз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зўроварӣ даст накашидаанд. Ташкилоти террористии ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии наҳзат аст, то ҳануз дар шимоли ҳамсоякишвар бо амалҳои хунхоронааш даҳшатафканӣ дорад. Ҷинояти ваҳшатноки куштори одамон (тоҷикониАфғонистон), ки як соли қабл дар вулусволии Моњимайи минтақаи Дарвози болои Афғонистон аз тарафи қотилони «Ансоруллоҳ» содир гардид, симоивоқеии наҳзатиҳоро бори дигар банамоишгузошт ва душмани миллати тоҷик буданашонро собит кард.

18-уми феврали соли ҷорӣ раисимақомотиамниятиАфғонистон АҳмадзиёСироҷзимни суханрониаш дар доираи Конфронcиминтақавиимубориза алайҳитерроризм таъкид карда буд, ки фаъолияти террористии созмони «Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангиинаҳзат) дар шимоли ҶИАидомадорадвахатари ҷиддие ба амнияти минтақа дорад. Иннавъмавқеъгириирасмии ҲукуматиАфғонистон гувоҳионаст, кисимои созмони террористию экстремистии наҳзати исломӣ бароисоиридавлатукишварҳо, киалайҳитерроризмуэкстремизмидиниюмазҳабӣ муборизаидастҷамъонамебаранд, ошкоршудааст.

Ба ин маънӣ, Ҳаракати Толибон, ки ҳадафи гирифтани қудрати сиёсиро дар кишвари худ дунбол мекунад, ба Тоҷикистон хатаре надорад. Ҷангиёниинташкилотдартамоми давраи мавҷудиятихуд ягон амали душманонае зидди мардумони кишвари мо анҷомнадодаанд.

Имрўз мардуми кишвар амиқан медонад, ки ташкилоти террористию экстремистии наҳзатиисломӣ душмани асосии давлат ва миллати тоҷикаст. Раҳбарифирориинаҳзатӣ, азбозеки дар хориҷ паноҳандагиисиёсӣ дарёфткардааст, мудомдар қолабииддаофурӯшиипучсозмони хунхори худро бо русиёҳӣ баунвониташкилоти мардумӣ вадуразифротутафритгарӣ ташвиқутарғибмекунад ва алайҳидавлатиТоҷикистон тавтеаву дасисаҳоинав ҷурмесозад. Ба масъалаи хатари ташкилоти террористию экстремистии наҳзатиисломӣ баминтақатаваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи муҳимро ироаменамоем:

1.Созмонҳоибонуфузиминтақавӣ ва шахсиятҳои барҷастаисатҳи ҷаҳонӣ наҳзатро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил кардаанд. Барои намуна, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони њамкориҳои Шанхай ҳанӯз 29 январи соли 2016, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ташкилоти наҳзати исломиро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуда буд. Маълум аст, ки СҲШ ҳамчун ниҳоди муқаввои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули 3,3 млрд аҳолӣ дарбар мегирад ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба масобаи ташкилоти террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. Гузашта аз ин, вазири давлатии умури хориҷии Ҳиндустон ҷаноби М.Ҷ.Шри Акбар 4 майи соли 2018 зимни ироаи гузориши ихтисосӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуноматомез вазъияти минтақа ва таҳдиду хатарҳои муосирро дуруст дарк намуда, дар асоси мадорики зарурӣ таъкид карда буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи хатари ҷиддӣ – сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ рондани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан ТТЭ ҲНИ дастболо шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар наҳзати исломӣ дида, тазаккур дода буд, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ буд.

2. Саркардаи ТТЭ ҲНИ баъди дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ бурдан, таҳти сарпарастии молиявии баъзе созмонҳои манфиатдори хориҷӣ қароргирифта, тавассути сомона ва пойгоҳҳоииттилоотиюхабарӣ иғвогарию тавтеабозиро алайҳидавлати Тоҷикистонидомадодватоимрӯзинмасирро бешармона мепаймояд. Тариқирасона, сомонаваторнамоҳое, кибосармояи пуштибонони хориҷиинаҳзаттаъсисёфтаанд, саркардаҳои ин созмони хунхор бораҳбарииМ.Кабирӣ шабонарӯзӣ бапарокандани дурӯғуфитна, таҳрифивоқеиётирӯзи кишвар, нодидагирии дастоварду комёбиҳоимамлакат, тафсири ғайримантиқии ҳаводисиимрӯзӣ, тавзеҳимуғризонаюяктарафаируйдодҳо ва пахши иттилооти нодурусту душманона машғуласт. Баъзесомонавапойгоҳҳоинаҳзатӣ бахотирипахшунашрииттилооту матолиби муғризона аз ҷонибисозмонҳоимарбутаи ғарбӣ масдудшуданд.

3. Наҳзат, махсусан давоми зиёда аз як соли охир дар заминаи шуюъи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ баиғвогарӣ вадасисачинӣ даст зада, муртакиби хиёнатҳои ҷиддӣ гардид. Замоне ки тамоми давлат ва кишварҳоимуқтадири минтақаю ҷаҳондарфикри ҳаллимушкилотибеҳдоштӣ вамаҳори коронавирус буданд, ба ном мухолифини давлат (наҳзатиёни террорист) дар робита бо паҳншавии вабои мазкур овозаю ҳангомаҳопаҳн карда, худродарназдисозмонҳои сарпарасташон баистилоҳ, ширинменамуданд. Охири моҳимартисолигузашта раҳбарисозмони ҷинояткоринаҳзатӣ мусоҳибаанҷомдода, давлатиТоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дарбаробарикоронавирус айбдор карданӣ шуд ва бо зоҳир кардани дуруягӣ худро дар фазои маҷозӣ томуддате чеҳрасозӣ кард. Ҳолонки давлат дар қиболи коронавирус ва ҷустанироҳкорҳоимуассиртадбирҳои судманд андешида, то имрӯз ҷиҳатитаҳкимиравандибеҳдоштӣ азтамомиимконотистифодамебарад. Воқеан, на он замон ва ҳатто на имрӯзфурсати риёкорӣ вахудпарастӣ набуду нест ва наҳзатиҳо, агарзарраехуниинсонӣ дар рагу шарёнашон ҳаракатмекард, бояд сари андешидани чораҳоизарурӣ дар қиболиинвирусихатарбортамаркуз менамуданд ва воқеиятҳои замону ҳассосиятҳои кишварро нодида намегирифтанд. Аммо дар гумон аст, ки ин тоифаи худпараст ва риёкор аз аспи ҷаҳлфурудояндва даст аз душмани бо мардум бардоранд. Ҳаминтариқ, раҳбаринаҳзатӣ ва ҳаммаслакони ӯ дарзамони ҳассос, кибемориивогир ҷаҳонробатаҳлукаовардабуд, тарафимиллатронагирифт, балкиазинбемориихатарборбароибадномкарданидавлатиТоҷикистон ва реклом кардани худ суиистифода кард, ки ин амалро ба ҷузхиёнатчизидигарегуфтаннашояд.

4. Мавқеъгириҳои раҳбаринаҳзатӣ дар қиболимушкилотимарзӣ боридигархиёнаткорӣ вадушмании ӯро ба намоиш гузошт. Дар замоне ки миллат ва давлати Тоҷикистондаратрофимасоили марзӣ, бавежа ҳифзи Ворух муттаҳидшуд, наҳзатиҳобораҳбарииМ. Кабирӣ тарафимуқобилропуштибонӣ кардандварӯйиростхиёнаткорбуданихудронишондоданд. Мавқеи зиддимиллӣ ва зиддимеҳании раҳбари наҳзатиро вобаста ба баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон миллат хуб дар ёд дорад. Дар он рӯзҳои ҳассос на танҳо тоҷикон, балки худи қирғизҳо ҳам тааҷҷубкарданд, ки давлати Тоҷикистон “мухолифон”-е доштааст, ки дар низои байни ду давлат алайҳи ватану миллати худ қароргирифта, рӯйирост тарафи давлати бегонаро мегирифтааст. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар робита бо масоили марзӣ президентҳои собиқи Қирѓизистон Аскар Акаев ва Қурбонбек Боқиев, ки ҳарду дар натиҷаи табаддулот аз қудрати президентӣ барканор шуда буданд, на танҳо аз тариқибаёниявуизҳоротба ҳимояи давлаташон бархостанд, балки барои ҳарбиёни қирѓиз маблаѓ ва ёрӣ ҳам фиристоданд. Онҳобалиҳози мавқеимиллию шаҳрвандӣ тарафи давлати худро гирифтанд. Ин ду президенти сарнагуншуда, зоҳиран бояд бар зидди ҳукумати имрӯзаи кишварашон, ки онҳоро ба ҳукми абад маҳкум кардааст, мебаромаданд. Аммо ҳисси ватандӯстӣ ва дарки миллию шаҳрвандии онҳо аз баҳсу манофеи сиёсӣ болотар истод. Вале наҳзатиён бо раҳбариишахси Кабирӣ омода буда ва ҳастанд, ки дар сафи неруҳои ғайр истода, ба муқобили давлат ва ватани худ ҷанг кунанд. Наҳзатиҳо дар ҷанги иттилоотӣ бидуни парда алайҳимавқеъгириимиллатвадавлатиТоҷикистон воистод ва дар ин кори шум, ки онро бидуни мулоҳизаметавонхиёнати ошкоро номид, заррае шубҳа накард. Ҳаттодармарҳилаитозаимузокиротмиёни ҷонибҳоиТоҷикистону Қирғизистон, ки масоили марзӣ баррасӣ гардида, якнавънармишебаамаломадаистодааст, наҳзатиҳоботамоминеруталошмеварзанд, кимузокиротбанатиҷаидилхоҳ нарасадвамуносиботи ду давлат ҳамчунонтирабоқӣ бимонанд.

5.Хулоса, ташкилоти террористию экстремистии наҳзатиисломӣ, кидархориҷа таҳтисарпарастии баъзесозмонҳои манфиатдор фаъолияти зиддимиллӣ мекунад, бароиТоҷикистон ҳазоронмаротибахатарноктараз ташкилотҳои дигари террористӣ аст. Тавре ки болотар ишора рафт, Ҳаракати Толибон, дар маҷмӯъ расидан ба қудрат ва барқарории аморати исломиродарАфғонистонбаунвони ҳадафистратегӣ пайгирӣ менамояд ва бемуҳобот, ҷангу ҳаракатҳои он (манзурТолибонаст) ба Тоҷикистонхатарэҷоднамекунад. Зимнан, раҳбариятинаҳзатӣ аз ҳаводиси ахири АфғонистонвазабткориҳоиТолибоннизбаманфиатихудсуиистифодамекунад, тоинкиаҳдофинопокашродарминтақапиёда созад.

Наҳзатиҳо маъмулан, аз ҳар фурсату имконот ба манфиати худ истифода мекунанд ва барои айбдор кардани Ҳукумат ва давлат талош менамоянд. Ҳатто агар ягон ҳодисаи табиӣ ҳам дар Тоҷикистонрухдиҳаду боиси харобие шавад (масалан, боди сахте вазад ё сел ояд), наҳзатиҳо нашармида, аз ин ҳолат истифода мекунанду Ҳукуматро айбдор карданӣ мешаванд. Онҳо ҳатто аз бадбахтии мардум манфиат гирифтанӣ мешаванд.

Раҳбаринаҳзатӣ ва ҳаммаслакони ӯ азтариқипахшунашримусоҳибавабаёнияҳои ғайримантиқӣ вамуғризонамехоҳанд, китарсу ваҳшатро дар дили мардум ҷосозандваТолибонробасифатиякнеруи ғаддорутахрибкор, ки гӯё ҳадафиубуразмарзиТоҷикистонронақшабандӣ кардаанд, муаррифӣ намоянд. ДарсуратекивоқеиятчуниннестваТолибонбаингунанақшабандӣ ниёзнадоранд. Ин наҳзат аст, ки барномаи сохтани давлати исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданмехоҳадвабарои ба ҳадафрасиданазтамомивасилаҳоимашрӯъваномашрӯъистифодамебарад. Хушбахтона, наҳзатиҳодарТоҷикистонкамтаринпуштувонаимардумӣ надоранд. Муҳимтаразин, давлати миллӣ иқтидорватавонмандиионродорад, киалайҳинеруҳоизиддимиллиемислиТТЭ ҲНИмуваффақонамубориза барад, аҳдофинопокионҳоронақшебаробкунад ва пеши роҳихиёнаткоронинаҳзатиробигирад.

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ

Рӯзномаи ИмрӯзNews

№88, 14.07.2021

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov