Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Оё “Freedom House (Хонаи Озодӣ)”, “Хабарнигорони бидуни марз”, “Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ)” созмонҳои байналмилалианд? Оё мавқеи онҳо ифодагари мавқеи ҷомеаи ҷаҳонист? Ё арзиши воқеиии пажӯҳиши онҳо чӣ қадар аст?

Дар бисёр ҳолатҳо мушоҳида мегардад, ки ин ё он расонаи хабарӣ аз натиҷаи пажӯҳиш ё назарпурсии созмонҳои ба монанди “Freedom House” (“Хонаи Озодӣ”), “Хабарнигорони бидуни марз”, “Кумитаи дифоъ аз журналистон” (CPJ) ва ғайра гузориш нашр карда, бо номгузориҳо ва тарзи баёни матлаб онҳоро ҳамчун созмони байналмилалӣ ва мавқеи онҳоро ҳамчун мавқеи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ин ҳолат дар бештари расонаҳои хабарии мустақили кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида карда мешавад ва дар ин раванд расонаҳои хабарии мусақили Тоҷикистон истисно нестанд.

Мушоҳидаи чунин раванди хабаррасонӣ ва истифодаи ғалати он аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ моро водор намуд, ки атрофи ин ташкилотҳо ва мавқеи онҳо вобаста ба давлати муайян ибрози назар намоем. Бояд қайд намуд, ки ин масъалагузорӣ ва баррасии он сирф хусусияти объективӣ ва амалӣ дорад ва манфиатҳои ҳеҷ гурӯҳу давлате дар авлавият қарор дода намешавад. Яъне, баррасии фаъолияти чунин созмонҳо ва мавқеи онҳо дар асоси воқеиятҳост. Аз ҳамин лиҳоз, мутолиаи маводи мазкур барои тамоми доираҳои фикрӣ муфид буда, истифодаи он дар шинохти мавқеъгирии чунин созмонҳо ва расонаҳои хабарӣ аз манфиат холӣ нест. Барои фаҳмо ва равшан гардидани ин таҳқиқот онро бо бахшҳои алоҳидаи мушаххас, вале бо ҳам пайванд иншо менамоем, то дар раванди хулосагирӣ хонандаи огоҳ ба мушкиле мувоҷеҳ нагардад.

Созмонҳои байналмилалӣ чӣ гуна созмонанд?

Аз таърихи сиёсии олам ва аз таърихи ташаккулёбии созмонҳои байналмилалӣ маълум аст, ки онҳо дар шакли фарогир ҳудудан дар асри XX ба вуҷуд омаданд. Масалан, соли 1919 созмони Лигаи миллатҳо таъсис дода шуд, ки он мебоист тамоми давлатҳои дунёро муттаҳид намуда, мушкилоти даврро ҳаллу фасл намояд. Аммо, сохтори номукаммал ва фаъолияти косатаи созмон натавонист ҷойгоҳи онро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ устувор намояд.

Баъдан дар арсаи сиёсати ҷаҳон соли 1945 Созмони Милали Муттаҳид (СММ) падид омад, ки мақсад ва ҳадафи асосии онро таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо ташкил медод. СММ ҳамчун созмони ҷаҳонӣ тавонист, ки фарогир гардида, сохтори худро ташкилу такмил диҳад. Мувофиқи оморҳо имрӯз беш аз 192 давлати ҷаҳон аъзои СММ мебошанд, ки дар доираи сохорҳои он талаботу манфиатҳои миллӣ дигар масъалаҳои рушду ҳамкориҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуда, суботу амнияти сартосарӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки СММ муттаҳид дар ҷаҳони муосир ягона созмони ҷаҳониест, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва сохторҳои таркибиаш ҳам дар давлату минтақаҳои гуногун намояндагиҳо доранд.

Инчунин, имрӯз дар ҷаҳон созмонҳои байналмилалии минтақавие ба монанди САҲА, СҲШ, ИДМ, СҶТ ва ғайра мавҷуданд, ки давлатҳои муайянро дар ҳайати худ фаро гирифта, манфиатҳои онҳоро ҳимоя ва мавқеи онҳоро дар чаҳорчўбаи созмон баён мекунанд.

Ҳамин тавр, созмонҳои байналмилалӣ ташкилотҳое мебошанд, ки фарогири давлатҳои муайянанд ва дар тамоми ҷаҳон ё дар ҳудуди муайян фаъолият менамоянд.

“Freedom House (Хонаи Озодӣ)”, “Хабарнигорони

бидуни марз”, “Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ)”

созмонҳои байналмилалианд?

Бар хилофи созмонҳои байналмилалии расмӣ ин созмонҳо фарогири ҳеҷ миллату давлате нестанд. Ба истиснои давлатҳои сармоягузор ва манфиатдор аз фаъолияти чунин созмонҳо. Агар ба таърихи ташаккули ин ташкилотҳо назар афканем маълум мегардад, ки дар дар раванди ташкили онҳо миёни ҷамъи давлатҳо ҳеҷ созишнома ва тавофуқе ба имзо нарасидааст ва эъломияи фаъолияти онҳо низ ифодакунандаи манфиатҳои тамоми давлатҳои ҷаҳон нест. Чунин созмонҳоро афроди муайян ва бо дасгирии давлати мушаххасе таъсис дода ба он тамғаи “созмони байналмилалӣ” илова намудаанд. Масалан, “Freedom House” (“Хонаи Озодӣ”)-росоли 1941 Элинор Рузвелт ҳамсари Президенти ҳамонвақтаи Амрико Франклин Рузвелт ва Уэенделлом Уилки таъсис додаанд. Ҳадафи асосии таъсиси созмон дастгирии сиёсати Америка ва зарба задан ба Итиҳоди Шӯравиро ташкил медод. Имрӯз низ ин созмон аз ҷониби Ҳукумати Америка сармоягузорӣ гардида, манфиатҳои мушаххаси ин давлатро пайгирӣ ва ҳимоя менамояд. Мувофиқи оморҳо Амрико беш аз 80%-и буҷети ин созмонро солона сармоягузорӣ менамояд.

“Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ)” ин созмон ҳам аз рӯи ташаккулёбӣ, ҷамъи давлатҳоро муттаҳид накардааст. Созмони мазкур соли 1981 аз ҷониби як гурӯҳ рӯзноманигорони амрикоӣ ташкил гардидааст. “Хабарнигорони бидуни марз” низ чунин ташаккул ёфта, то имрӯз фаъолият намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки чунин ташкилоту созмонҳо дар воқеъ хусусияти фаъолияти байналмилалӣ надоранд. Агар ба моҳияти фаъолияти онҳо таваҷҷўҳ намоем маълум мегардад, ки онҳо аз манфиатҳои давлатӣ мушаххас ҳимоя намуда, фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи талаботҳои он роҳандозӣ менамоянд. Албатта, ин воқеияти инкорнашаванда аст.

Бозтоби пажӯҳиши ин созмонҳо

дар расонаҳои мустақили хабарӣ

         Тавре дар боло ҳам зикр намудем, низоми ташаккулёбӣ ва фаъолияти ин созмонҳо (Freedom House (Хонаи Озодӣ), Хабарнигорони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон), фарогири манфиатҳои ҷомеаи байналмилалӣ набуда, бештар хусусияти инфиродӣ доранд.

         Таъкид намудан муҳим аст, ки фаъолияти ин созмонҳо бештар дар шакли гузоришҳо сурат мегирад. Ва онҳо дар охири сол аз натиҷаи фаъолияти худ маълумот медиҳанд. Албатта, ахбори онҳо мунсифона ва беғараз нест. Дар аксар маврид онҳо дар заминаи манфиатҳои давлати сармоягузорӣ худ гузориш медиҳанд. Мутаассифона, бозтоби хабару гузориши чунин созмонҳо дар расонаҳои хабарии мустақил бо ҳангомасозӣ ва муъҷизаофарӣ шакл дода мешавад. Расонаҳои хабарӣ гузориши ин созмонҳоро тавре шакл медиҳанд, ки он хулосаи созмони байналмилалии эътирофшуда бошад. Ё он гунае хабарро паҳн мекунанд, ки гуё пажуҳиш ва хулосаи додгоҳи адолатхоҳи СММ аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин шаклдиҳии гузориши ин созмонҳо ба назар мерасад. Дар ин самт Радиои Озодӣ бештар фаъол буда, пажӯҳишу гузоришҳои онҳоро аз будаш зиёд ва аз нуқтаи назари арзишмандӣ тавре баён менамояд, ки хонанда дар навбати аввал онро қатъномаи СММ тасаввур менамояд. Зимнан, дар ин раванд гурӯҳҳои манфиатхоҳе мавҷуданд, ки аз бозтоби хабари расонаҳо истифода намуда, кӯшиш менамоянд дар ҷомеа холи сиёсӣ ба даст оранд. Масалан ду гузориши охири Радиои Озодиро барои хонандагони муҳтарам мисол меорем. Гузориши аввал бо номи “Тоҷикистонро дар як саф бо Куриёи Шимолӣ ва Сомалӣ гузоштаанд” ва гузориши дуюм бо номи CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ҳамла ба хабарнигорони Озодиро ҷиддӣ бигиранд”. Гузориши аввал тавре баён гардидааст, ки он гўё он ҳукми байналмилалӣ аст. Дар он қайд гардидааст, ки “Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, рӯзи 3-юми март гуфт, Тоҷикистон аз миёни 54 кишвари ноозод имсол ба гурўҳи дувоздаҳ "бадтарини бадтаринҳо" шомил шуд. Дар ин рӯйхат Сурияву Арабистони Саудӣ, Чин ва Либия низ ҳастанд.

Албатта, атрофи моҳияти ин гузориш дар поён муфассал ва мушаххас ибрози назар менамоем. Вале, дар ин ҷо зарур мешуморем, ки дар бораи чунин расонаҳо ва алоқамандии онҳо бо созмонҳои болозикрро каме шарҳ диҳем. Бояд тазаккур дод, ки чунин паҳнкунии иттилоот берун аз меъёрҳои журналистӣ аст. Зикри як нуктаро дар ин ҷо зарур мешуморем, ки байни ин созмонҳо ва ин расонаҳо пайвастагиҳое мавҷуданд, ки онҳоро ба ҳам меоваранд. Мисол, расонаи Радиои Озодӣ ва созмони Freedom House (Хонаи Озодӣ) ҳарду аз ҷониби Амрико сармоягузорӣ мегарданд ва табиист, ки дар фаъолияташон манфиатҳои доираи амрикоиро ҳимоя менамоянд. Ин гуна мисолҳо бешуморанд.

Хулоса, пажӯҳишу гузоришҳои чунин созмонҳо дар расонаҳои мустақили хабарӣ аз будаш зиёд нишон дода шуда, атрофи он ҳангомасозиҳои бештар сурат мегирад.

Воқеият ва ҳақиқати расонаҳои мустақили хабарӣ!

         Воқеияти сиёсии олам ва таҷрибаи фаъолияти расонаҳои хабарии ба ном мустақил нишон медиҳад, ки онҳо ҳеҷ гоҳ мустақил набудаанду нестанд. Дар паси ҳар як расона давлат ва қудрате меистад, ки онро вобаста ба манфиатҳои даврии худ истифода менамояд. Садҳо мисолҳое мавҷуданд ва тасдиқ менамоянд, ки ҳеҷ расонаи мустақиле дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Махсусан, расонаҳои хабарии аврупоӣ. Масалан, Радиои Озодӣ, Телевизион ва Радиои ВВС. Ин ду расонаҳо, ки моли аврупост ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшҳои махсуси худро доранд, сирф ба ҳимояи манфиатҳои ҷониби Аврупо машғуланд.

         Таъкид намудан муҳим аст, ки ба як расона унвон ва тамғаи “мустақил”-ро илова намудан маънои онро надорад, ки он расонаи мустақил ва беғараз аст. Ва дар ин ҷо як нуктаи муҳими дигарро ҳам қайд намудан зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯз тамғаҳои “мустақил”, “озодӣ”, “бидуни марз” ва ғайра барои давлатҳои мушаххас василаи муҳимми таъсиррасонӣ ва дахолат ба корҳои дохилии кишварҳои дигар гардидааст.

         Аз ҳамин хотир, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳеҷ расонаи мустақилу беғаразе вуҷуд надорад.

Оё мавқеи чунин созмонҳо ифодагари

мавқеи ҷомеаи ҷаҳонист?

         Бидуни тардид мавқеи чунин созмонҳо ва гузоришҳои онҳо ифодакунандаи мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Ин ки Freedom House (Хонаи Озодӣ) дар гузориши худ Тоҷикистонро ба рӯйхати кадом давлатҳо ва дар чандум қатор ҷой додааст, ин маънои онро надорад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ё ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Тоҷикистон чунин мавқеъ дошта бошанд. Ба маврид аст, ки дар ин ҷо як мисоли муқоисавӣ орем, то моҳияти масъала пурра равшан гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст. Ва то ҳол ягон маротиба нашудааст, ки СММ ва ниҳодҳои зертобеи он Тоҷикистонро оиди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш ба рӯйхате ворид намуда, интиқод карда бошанд. Баръакс то имрӯз аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва раванди барқарориву ҳифзи сулҳ дар кишвар СММ ситоиш намуда, намунаи онро дар ҳалли мушкилоти минтақавї мушаххас истифода менамояд.

         Масъалаи дигар ин аст, ки ин созмонҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ва давлати алоҳида ташкил гардидаанд ва он ифодакунандаи мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда наметавонад. Масалан, агар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ном як созмони байналмилалии “Дахолат ба умури давлатдорӣ” таъсис дода, ҳама сола гузоришҳое нашр намояд, ки як давлат ба умури давлатдории давлати дигар дахолат намуда истодааст, ин маънои онро надорад, ки он мавқеи ҷомеаи ҷаҳониро баён намуда истодааст.

         Аз ҳамин лиҳоз, бояд дарк намуд, ки мавқеи ин созмонҳо мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест ва гузоришҳои онҳо низ ифодакунандаи тамоми воқеиятҳо шуда наметавонад. Ва дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ он гузоришҳо арзиши муайянкунанда надоранд.

Хулоса

         Дар ҷамъбаст ба ҷои хулоса баёни се нуктаи мушаххасро барои хонандагони гиромӣ муҳим мешуморем.

  1. Дар шинохти созмонҳои байналмилалӣ аз меъёри миллатмеҳвари муносибат намудан ба маврид аст.
  2. Мавқеи ҳеҷ як созмони аз нуқтаи назари ташкилӣ-фардӣ мавқеи ҷомеаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Ва гузоришу пажӯҳиши дар аксар маврид хусусияи як тарафа дорад.
  3. Хулосаи маводҳои чунин созмонҳо дар бешатари ҳолат аз манбаъҳои ташкилнамудаи худи онҳо гирифта мешавад.

Девонсолори Сайф, муҳаққиқи илми сиёсӣ

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 31  

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov