Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд

18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рафти мулоқот  масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бо  терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки кишварҳои узви СААД омодаанд, ҳамгироӣ ва муносиботи судмандро, хусусан, дар масоили амниятӣ  пурзӯр намоянд.

Тақвим

<< < Феврал 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov