Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Шароити имрӯзӣ ва масъулияти зиёӣ

Таърихи зиндагии инсонӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳамаи давру замон қишри пешрави ҷомеа – равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва ҷомеаи адолатпарвар, озодихоҳ, инсонгаро, мардумсолор ва ҳувиятсоз бо неруҳои муҳофизакор, истибдодӣ ва ақибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роҳи муқаддас ва ифтихорманд ҷонбозиҳо кардаанд. Албатта, масири муборизот дар ҳавзаҳои сиёсию мадании башарӣ якранг ва муштарак нест ва тарзу шеваи ибтикороти сиёсӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва иҷтимоии равшангарон тайи таърихи инсонӣ, бо назардошти шароиту вазъ мутафовит аст.

       Мусаллам аст, ки зиёиён ва равшанфикрон бо ҷаҳолат, хурофот, таассуб, суннаписандӣ ва вопасгаройӣ, ки умдатан, бо иртиҷоъпарастӣ ва муҳофизакорӣ тавъаманд (иртиҷойӣ --вежагии он кӣ ба қавонин ва суннатҳои гузашта пойбанд аст ва бо дигаргунӣ ва пешрафти ҷомеа мухолифат мекунад, дар ҷиҳати ҳифзи вазъи гузашта мекӯшад ва бар зидди низому усули нав ва мутараққӣ талош меварзад – ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. -Теҳрон: Сухан, 1383.-С.45; муҳофизакор – он кӣ тарафдори ақоид ва суннатҳои кӯҳна ва мухолифи таѓйиру дигаргунӣ аст – ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ.-Теҳрон: Сухан, 1383.-С.925), ҳамвора дар муборизаву муқовимати шадид қароргирифта, умдатан, алайҳихурофотиёну мутаассибон мешӯранд. Ин шӯришу муқовимати ҳадафмандона хатти машши зиёиро аз табақоти дигари иҷтимоӣ ҷудо мекунад. Роҳу масири ҳаракати зиёӣ дар ҳар давру замоне муайян ва мушаххас аст: ҳалли мушкилот ва масоили фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа ва дар зимн, огоҳкарданиҷомеа аз хатар ва вабои доимо таҳдидкунанда – хурофоту таассуби диниву дунявӣ. Дар ин амр зиёӣ бо гарави ҷон рисолати иҷтимоӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, инсониашро сомон медиҳад.

       Мубориза боартишибузурги хурофотию ифротгаро ҷабҳаи муборизаи зиёиёни асили миллиро, чи дар гузашта ва чи дар шароити феълӣ ташкил дода ва медиҳад. Дар асрҳои миёна ҳавзаҳои дарсии файласуфони мутафаккирони миллӣ боиси огоҳмандии баъзе табақотииҷтимоӣваяк идда насли ҷавони ҷомеа гардида буд, вале муҳитҳои мадрасӣ, ки дар онҳо улуми дунявӣ (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуѓрофиё, кимиё ва амсоли инҳо) тадрис мешуданд, мавриди таҳоҷуми сиёсӣ, мафкуравӣ ва ҳатто физикии хушкандешони мазҳабӣ қарор мегирифтанд ва таҳдиду фишори амиқ болои тоифаи ба истилоҳ, файласуфону ҳакимон, ки дар қолаби зиёиёну бузургони миллӣ инсиҷом меёбанд, ҷиддӣ мушоҳида мешуд. Эътирозоту интиқодоти бузургони асримиёнагии миллӣ, мисли Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Суҳравардӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, ки алайҳи хушкандешии мазҳабӣ сурат гирифта, фиребу найранги ононро рӯйирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи зиёиёни бумӣ дар таърихи миллӣ маҳсуб меёбад. Бузургони миллӣ дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ-мазҳабӣ буданд ва ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузоранд, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби мазҳабӣ бубандад. Ба сухани дигар, ҳаракатизиёигариимиллӣ дар асрҳои миёна бо селаи хурофотиёни динӣ-мазҳабӣ муқовимат карданд ва тавассути пофишориҳои илмӣ ва фарҳангӣ иҷоза надоданд, ки рӯҳи илму дониш ва огоҳӣ шикаста гардад.

     Мутаассифона, имрӯззуҳуротихашинитундгаройиидинӣвамазҳабӣ бо шаклу қолибҳоинав давлат ва ҷомеаҳоимиллиротаҳдидмекунад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуб ва хашини бунёдгаройӣ (фундаментализм), тундгаройӣ (радикализм), ифротгаройӣ(экстремизм) ва даҳшатафканӣ(терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа, миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию ҳуҷум, истибдод ва хушунаттавлид мекунанд. Аз ин рӯ, дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бештар масоили маҳрумиятҳо ва нобаробариҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва моддию маънавӣ матраҳанд ва бар мабнои он нафрату бадбинӣ ва ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо мекунад. Мафкураи истеъмории динӣ-мазҳабӣ дар ҷавомеи суннатӣ хурофот ва таассубро барангехта, ба ин васила зеҳнсозиҳои динӣ матраҳ ва мутадовил мегарданд. Зеҳнсозиҳои динӣ-мазҳабӣ (ин гуна зеҳнсозиҳо, одатан бар мабнои бадбинию зӯровариҳои иҷтимоӣ сохта шуда, таассуб-фанатизми динӣ-мазҳабиро дар шакли шадид ва тундутез ривоҷ медиҳанд) тадриҷан вусъат намуда, паҳнои иҷтимоъро фаро мегиранд ва дар шакли террорҳои ақидатӣ (мафкуравӣ) ва ҷисмонӣ буруз мекунанд. Мушкил инҷост, киминбаъд бадбинию танофури динӣ-мазҳабӣ дар ҷомеазеҳнсозӣмешавадвабинишҳои мардум ва табақотииҷтимоирошаклмедиҳад. Бо мурури замон ин навъи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ доираи нуфузро тавсеа мебахшанд ва аз як табақа ба табақаидигари иҷтимоӣ интиқол меёбанд.

       Дар зимн, ифротгаройӣ ё ба истилоҳ экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишавӣ ва ташаннуҷи бархӯрдҳои динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию тамаддунӣ ба як анъанаи нописанд ва хушунатбор табдил ёфта, дар кунҷу канори сайёраи замин, махсусан манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ нооромию бесуботии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба дунбол меоварад. Аммо ин нукта, аслан абарқудратони ҷаҳониро ба ташвиш намеоварад, баръакс, тибқи хоҳиш ва тарҳҳои сохтаи онҳо роҳандозӣ мешавад ва натиҷатан, ба коми онҳо анҷом мепазирад. Дар ин замина, як нуктаро таъкид кардан ҳукми зарурат аст: қудратҳои бузурги сиёсӣ ҳамеша ба ҷомеаҳое иртибот мегиранд ва тарҳҳои сиёсӣ роҳандозӣ менамоянд, ки зарфиятҳои тангу маҳдуди иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ дошта, дастнигари дигаронанд. Ба сухани дигар, ҷомеаҳое, ки ба гирдоби хурофту таассуби суннатӣ ва дақиқтараш, «ҷаҳли мураккаб» гирифторанд, аз назари равонӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ сахт осебпазир буда, бо вазиши муқаррарии боди ҳангомаю тавтеа ваҳшонияташонро буруз мекунанд ва дар пайи даҳшат овардан, тахриб сохтан ва мутазалзил кардани давлатҳоваҷомеаҳогом бармедоранд.

         Пурсиши ин ки “Чаро фундаментализм, терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ реша давонда истодааст?”, метавонад посухҳои мухталиф дошта бошад. Агар, аз як тараф, баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳоисиёсиюиқтисодӣ аз гурӯҳҳоитеррористӣба сифати бизнеси мувофиқ ва сердаромад корбаст кунанд, аз ҷониби дигар,аксари мусулмонони дунё аз назари огаҳӣ ва иттилоъ, маърифат ва биниш ақибмонда буда, донишу ҷаҳоншиносии онҳо бештар рӯйи эҳсосу тасаввурот қарор дорад. Ва, азбаски аксарияти ҷомеаҳои Шарқимусулмонӣзарфиятҳоимаҳдуди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣваэҷодӣдоранд, ғолибантаҳтитаъсириақидатиисозмонугурӯҳҳоитундравимазҳабӣқарормегирандвадарбунбастимаънавӣбасармебаранд. Азинҷост, кидарсурати бурузи интиқодоти фикрию ақидатӣ, киба он ҳанӯз ҷиддӣ одат накардаанд, ҳассосият ва вокуниши шадид нишон медиҳанд. Ба ин далел, нахуст бояд механизмҳоиҷалбиҷомеаҳои ақибмондававопасгароро ба низомҳои сиёсии дунявӣ ҷустуҷӯвапайдокард. Танҳодарсуративоридгардиданиҷомеаҳоибаставаконсервативӣба муҳитҳои муътадилу бози иҷтимоӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ мушкилоти бурузи шадиди ҳассосияту эҳсосоти контролнашавандаи мазҳабиро коҳишмедиҳадвароҳиташаккулварушдитафаккуриинтиқодиро, кибармабноиистиқлолификриюэҷодӣзуҳурмекунад, ҳамвормесозад.

     Шароити муосири сиёсӣвагеополитикӣаз насли зиёиёни асили тоҷик масъулиятмандӣвакори фаъоли шабонарӯзиро тақозо менамояд, то сатҳи хатарҳои минтақавӣваглобалие, назири ифротгаройӣ, тундгаройӣвадаҳшатафкании динӣ-мазҳабӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, коҳиш ёбад ва таваҳҳумионбаданаҳои иҷтимоиро сироят накунад. Махсусан, дар шароити давлатсозии миллӣ масъулияти зиёии тоҷикбештармегардад, чарокидушманонимафкуравӣвафурсатталабонидохилиюхориҷӣбаронталошмеварзанд, киҷомеаитоҷикродарҳоликарахтиификрӣвабунбастҳоиақидатӣнигоҳдоранд. Табақаизиёӣбошад, дарҳамкориипайвастабониҳодҳоимарбутаидавлатӣвапуштибониииҷтимоӣҷомеароаздарунтағйирисифатӣмедиҳадвабапешбасӯйиамалӣсохтаниормонҳоимиллӣраҳнамоӣмекунад. Азинлиҳоз, гузаштан аз назария ба амалия сарҳадафи кори равшанфикрӣ дар шароити феълӣ мебошад. Он чи ки гуфта мешавад ва тарѓиб мегардад (манзур шиорзанӣ ва назарияпардозии хушку холии як идда зиёиён аст), бояд сараввал дар зиндагии шахсии худи мо, амалан татбиқ гардад. Дар ҳоле ки мо, аксаран аз марзи назарияпардозӣ ба сарҳаддиамалиягароӣ по наниҳодаем, мароми таѓйироти сифатии ҷомеа зери суол мемонад. Кор кардан бо ҷомеа, омӯзиши ҳаматарафаи афкори иҷтимоӣ, мушоҳида, таҷриба, дарёфти механизмҳои фаъолсозии иҷтимоӣ, коркарди гузинаҳо (алтернатива)-и гуногун ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, равонӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ силсилаи тадбирҳоеанд, кибояддарсархаттибарномаҳоификрӣ, эҷодӣ, ҳунарӣвамаданииаҳлизиёвафарҳангикишварқарордоштабошанд.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

душанбе, 25 ноябри соли 2019, соати 17:33

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

© 2007 - 2019 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov