Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Њангомањо дар атрофи сафари расмї

Сафари расмии Роњбари давлат ба кишварњои Иттињоди Аврупо дар расонањои иттилоотии шабакањои иљтимоии интернетї сару садоњои зиёдеро ба амал овард ва сомонањои ифротї ва террористї аз фурсати муносиб сўистифода намуда, машѓули иѓвоангезиву тафриќаандозї ва дасисабозиву њангомасозї мебошанд. Сомонањои ифротиву террористї кўшиш ба харљ медињанд, ки њар як рафтору гуфтор ва кирдори Сарвари давлатро барои љомеа ба таври муѓризона пешкаш намоянд. Яке аз чунин сомонањои иѓвоангезу тафриќаандоз ва дасисабозу њангомасоз ин сомонаи ифротии Кимиёи саодат мебошад, ки бо мањорати касбї ва тахассусии иѓвоангезї мањорати хоса дорад. Аз љумла дар ин сомона матолибе ба нашр расидааст, ки гўё ба Салим Султонзода яке аз фаъолони тољик ва узви Анљумани Озодандешони Тољик, ки айни замон дар Фаронса њамчун паноњандаи сиёсї фаъолият мекунад, аз љониби маќомоти кишвар паёми тањдидї фиристода шудааст. Чунин сару садоњо ќабл аз сафари расмии Роњбари давлат ба Иттињоди Аврупо аз љониби сомонањои ифротї ва террористї тањти унвони «Эмомалї Рањмон пинњонї ба Аврупо сафар мекунад. Чаро?» интишор гардида буд.

Ќобили зикр аст, ки сафари расмии Роњбари давлат ба кишварњои Иттињоди Аврупо пинњонї набуда, аз љониби расонањои иттилоотии кишвар манзури љомеа пешнињод гардида буд. Вале расонањои иттилоотии ифротї бањри њангомасозиву дасисабозї ва тафриќаандозї сафари расмии Роњбари давлатро тавре тањлилу баррасї намуданд, ки гўё Сарвари давлат пинњонї ба кишварњои Иттињоди Аврупо сафари расмї анљом медињад. Масъалаи Салим Султонзода низ љуз дурўѓу буњтон ва макру фиреб чизи дигаре нест. Чунки Салим Султонзода низ њангоме ки иддао мекунад, ки аз љониби маќомот, махсусан КДАМ зери тањдиду фишор ќарор гирифтааст, тарњи нав ва бозии навбатии ташкилоти нањзатиёни террорист мебошад. То њол ташкилоти террористии нањзатиён доир ба Салим Султонзода њамчун нафари фаъоли Анљумани Озодандешони Тољик ном набурдааст ва касе низ дар бораи ў иттилооте надорад. Аз куљо чунин шахсияти гумном пайдо шуд ва њадаф аз чунин мавќеъгирии зиддидавлатї дар чист?

Тавре ба њамагон маълум аст, нањзатиёни террорист дар хориљи кишвар зиндагї намула, аз баъзе расму оинњои хориљиён бархўрдор гардидаанд ва аз истилоњоти адабиву фалсафии хориљиён ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ин љо низ ташкилоти террористии нањзатиён аз истилоњи симулякр, ки файласуфони фаронсавї Жил Делёз ва љомеашинос Жан Бодрийяр дар осори худ истифода намудаанд, сўистифода намуда, шахсияти нави ѓайривоќеиеро вориди сањнаи сиёсї намуданд ва бо ин роњ мехоњанд, њусни таваљљуњи љомеаро ба сўи худ љалб намоянд. Азбаски, бозигарони ќаблии ташкилоти террористии нањзатиён ба њадаф ва вазифаи гузоштаи худ ноил нагардиданд, маљбур шуданд, ки аз чењраи нави ѓайривоќеї истифода баранд ва ѓаризањои шахсии худро аз номи шахси нав ифода намоянд.

Хулоса тавре дар урфият мегўянд, умри дурўѓ кўтоњ аст ва шахси дурўѓгў њамеша шармсору рўсиёњ боќї мемонад. Дурўѓи навбатии ташкилоти террористии нањзатиён низ умри на он ќадар тўлонї мебинад. Чунки пас аз як њафта Роњбари давлат аз сафари расмї бармегардад ва барои њамагон маълум ва ошкор мегардад, ки дар ин сафари расмї Роњбари давлат ба кадом дастовардњои назаррас ноил гардидааст.

Саид Салим

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

© 2007 - 2019 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov