Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Арзёбии холис кофист то моњияти ин сафарњо ошкор гардад

Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалњои байни давлатї ки фарогири самтњои мухталифи њаёти иљтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роњандозї шуда, мавриди омўзиш ќарор гирифта баъдан тавассути сафарњои корї ва вохурињои сарони давлатњо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд. Дар замони истиќлолият ки Тољикистон ба њайси субъекти мустаќили љомеаи љањонї пазируфта шуд ва равобити муносибатњои дипломатиро ба кишварњои гуногцни љањон ба роњ монд. Дар шароити имрўзаи љањонї њељ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварњои дигари олам дар танњої масоили иќтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарњангии хешро анљом дињад. Имрўз љомеаи љањонї дар равобити мутаќобилаи њамешагї байни субъектњои он ќарор дорад. Њатто абарќудраттарин кишварњои љањон дар робитаву муносибат аз лињози иќтисмої, фарњангї ва иљтимої бо кишварњои дигари љањон ќарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатњо дар чорчубаи созишномањо ва меморандиумњои њамкории дуљонибаи бисёрљониба, ки зимни вохурии сарони давлатњо ба тавсиб мерасад, амалї карда мешавад. Љумњурии Тољикистон њам ки имрўз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонњои минтаќавї аз ќабили ИДМ, СЊШ, СПАД, САЊА ба созмонњои љањонї аз ќабили СММ ва зери сохторњои он дар робитаи њамешагї ќарор дорад ва бо онњо созишномањои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онњо то њанўз бањрабардорї менамоянд. Сафарњои Президенти кишвар љињатњои муњими иќтисодию сиёсї ва иљтимоию маънавиро дар бар мегирад. Ањамияти ин сафарњоро метавон ба тарзи зайл дастабандї намуд.

  1. Ин сафарњо дорои ањамияти иќтисодї буда, зимни онњо созишномањои тарафайн љињати ба роњ мондани њамкорињои иќтисодї аз љумла таъсис додани корхонањо ё филиали корхонањо, ворид намудани технологияи навин, сармоягузорї дар бахшњои гуногуни њаёти иќтисодию иљтимої, бозорёбї, тиљорат ва амсоли инро дар бар мегиранд, ки имкон медињанд минбаъд як пешрафти куллие дар ин самт ба вуљуд ояд.
  2. Љињати сиёсї зимни мулоќотњо, гуфтушунидњо ва вохурии сарони давлатњо бори дигар сиёсати хориљии кишвар муайян гардида, мустаќилияти кишвар ва тасмимгирињои сиёсии он љињати робита ва муносибат ба кишварњои дигар муайян мегардад. Њамчунин манфиатњои миллии давлати Тољикистон муайян гардида зимни табодули афкор ва бастани шарномањо онњо њамчун мењвар ќарор гирифта симои сиёсати дохилї ва хориљии Тољикистонро муаяйн месозанд.
  3. Табодули фарњангї сурат гирифта робитањои фарњангии ќавї мегарданд ва бо фарњанг, дастовардњо, таърих, љойгоњ, таъсиргузорї, арзишњои кишварњои мутаќобила, ошної пайдо менамоянд. Дар ин замина бахши љањонгардиву сайёњї рушд намуда таъриху осори кишварњои гуногун муаррифї мегарданд.
  4. Ин сафарњо метавонанд кишварро муаррифї намуда таърих, арзишњо, фарњанг, мавќеи љойгиршавї, захирањои табиї, имкониятњои рушд, дурнамои рушд, ќонунгузорї, шакли давлат ва амсоли инро муаррифї намоянд. Дар аксари ин сафарњо мулоќоти роњбари давлат ба тољирони сармоягузорони кишвари мизбон сурат мегирад,ки зимни он имкониятњои кишвар дар самти иќтисодї дар шакли лоињањои ифодагари манфиатњои тарафайн муаррифї мегарданд.Њамин аст,ки тайи 28 соли ахир зимни сафарњои Сарвари давлат Тољикистон муаррифї гардида имкониятњои он ва таъриху фарњанги моро кишварњои гуногун шинохтанд ва пазируфтанд.
  5. Ањамияти таљрибавиву бозомўзї доранд. Мусаллам аст, ки зимни сафарњои сарвари давлат њайатњои муайян аз бахшњои гуногуни нињодњои иљтимої аз ќабили нињодњои иќтисодї омўзишу парвариш, илм, тандурустї, амниятї ва дигар соњот љалб мешаванд, ки зимни ин сафарњо вобаста аз самти хеш таљрибаи наверо аз худ мекунанд, ки онро метавонанд, минбаъд дар раванди кори хеш дар нињоде, ки ба он роњбарї мекунанд, истифода намоянд. Њамчунин дар рафти ин сафарњо мавќеи кишвари мизбон аз рўи шохисњои иќтисодию иљтимої муайян гардида роњњо ва шевањои рушди он ва то ба дараљаи њозира омада расидани он мавриди омўзиш ќарор мегиранд, ки мо минбаъд таљрибаи онњоро низ вобаста аз вазъиятњо ва тайёр будани кишварамон аз лињози маънавию иќтисодї метавонем онро дар кишварамон татбиќ намоем.
  6. Ањамияти маънавию љањонбинї доранд. Пеш аз њама ин сафарњо ба њар кишвари мавриди назар аз лињози таърих маънавиёт, фарњанг, арзишњо, зинањои рушд, тарзи давлатдорї, сатњи илму фарњанг, дастовардњои навини илмию фанноварї, њайатњои ширкатварзро таъсиргузор буда љањонбинї ва маънавиёти онњоро доир ба кишварњои мавриди назар роњи рушди онњо таљрибаю таърих, бовару эътиќод, дараљаи ташаккули иљтимої, дидгоњњои сиёсию иљтимої, мардумсолорї ва амсоли ин дигар мекунанд.

Вобаста ба куллиёти ањамияти сафарњои сарвари давлат ба хориљи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориљи кишвар ба сиёњ кардани давлату миллат машѓуланд ва дар тамоми фаолияти хеш њељ амали хуберо барои пешрафти кишвар анљом надодаанд, аз рўи ѓаразу кина ин сафарњоро як амалњои беарзиш унвон мекунанд. Инњо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиќлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварњои минтаќаву љањон доштем равобиту муносибатњои иќтисодиву иљтимоиямон ба кишварњои минтаќаву љањон дар чи поя буд ва имрўз дар чи поя ќарор дорад ва то чи андоза ин сафарњо аз лињози иќтисодиву сиёсї ва иљтимоиву фарњангї ба љомеаи Тољикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоњад шуд. Танњо зарур аст ѓаразњоро канор гузорем ва тањлилњоро холисона баррасї намоем, он гоњ хоњем дарк кард, ки ин сафарњо воќеан барои миллат ва мардуми кишвар нињоятан сермањсул будаанд.

Эњсони Илњом

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

© 2007 - 2019 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov