Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

БО БАҲОИ ҶОН. 28 сол қабл дар ин рӯз, 24 август, яке аз муҳофизони шуҷои Конститутсия ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби террористони Ҳизби наҳзат бераҳмона ба қатл расонида шуда буд

ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлоли  давлатӣ қарор дорад. Вобаста ба ин санаи таърихӣ месазад аз нафароне ёдовар шавем, ки дар роҳи ҳифзи қонуният, пояҳои давлатдорӣ ва  Истиқлолияти Ватани мо ҷони худро дареғ надоштаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки 24 август аз рӯзи ба қатл расиданаш 28 сол сипарӣ мешавад.

Коршиноси масоили сиёсии АМИТ «Ховар», доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ аз ҳаёт ва фаъолияти ибратангези ин марди шуҷоъ чунинг ёдовар шуд:

Субҳи 24 августи соли 1992 дар Душанбе яке аз мҳофизони шуҷои Конститутсия ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби террористони Ҳизби наҳзати исломӣ бо  бераҳмии гӯшношунид ба қатл расонида шуд.

Куштори ҳомию нигаҳбони қонуният дар кишвар, қатли шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои ҳимояи қонуну қонуният, манфиатҳои давлату миллат бахшида буд, ба афкори умум бетаъсир намонд. Ин  фарзанди баруманди миллат дар мубориза бар ифротгароёни динӣ, ки душмани давлати миллии тоҷикон буданд, дар мавқеи сиёсии худ устувор бимонд ва  то охирин лаҳзаҳои ҳаёт  дар назди онҳо сар хам накард.

Нурулло Ҳувайдуллоев ба ҳар нафаре, ки бар зидди сохти конститутсионӣ ва қонунгузории Тоҷикистони навистиқлол  садо баланд мекард, новобаста  аз мансабу манзалаташ, ҳамчун ба ҷинояткор  менгигарист. Маҳз мавқеи устувори касбӣ ва сиёсии Н. Ҳувайдуллоев  ба мухолифони давлатии миллии тоҷикон дар симои ТТЭ ҲНИ, ҳаракати «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон», Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) ва дигар руҳониёни муттаассиб имкон фароҳам намеовард, ки  ҳокимияти конститутсиониро дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ғасб намоянд», — гуфт Рустам Ҳайдаров.

Н.Ҳувайдуллоев шояд ягона шахсе буд, ки таҳти  фишороварии  доимии  қувваҳои иртиҷоии ба ном «исломӣ-демократӣ» мавқеи шаҳрвандии худро тағйир надод. Барои Н. Ҳувайдуллоев дар ҳамон давру замон  фақат як муқаддасоти миллӣ —  Конститутсияи Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки он асоси бунёди давлати демократиӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон буд.

Хоинони миллати тоҷик, ки аксарияти фаъолияташон дар ҳамон давру замон ғайриқонунӣ буд ва  бо роҳи таҳдид   ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил мегаштанд, дар симои Н.Ҳувайдуллоев рақиби асосии худро медиданд. Сарварони мухолифони давлати дунявии тоҷикон  аз тамоми воситаҳо истифода бурда, кӯшиш мекарданд, ки аз шахсияти Н. Ҳувайдуллоев душмани миллат офаранд.

3 июли соли 1992 изҳороти Прокурори генералии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев дар матбуоти даврӣ паҳн гардид, ки дар он гуфта мешуд: «Дар рӯзҳои охир дар доираҳои муайяни сиёсии ҷумҳурӣ дар мавриди қатли ҷисмонии ман овозаҳои гуногун паҳн шуда истодаанд.

Дар муддати як сол мешавад, ки дар  баъзе ВАО  як  маъракаи  шадиди туҳмат ва буҳтон ба унвони ман ҳамчун Прокурори генералии идома дорад. Ин маърака баъд аз ҷониби Прокуратура ба ҳабс гирифтани М. Икромов  ва рӯйдодҳои апрел-майи 1992 (манзур — таъсиси ба ном “Ҳукумати  муросои  миллӣ” – тавз. АМИТ “Ховар”) ба маротиб афзуд. Мақсади он — бадном намудани ман,  то ин ки маро аз вазифа гиранд ва ба ҷои озодшудаи ман шахсеро монанд, ки ӯ амалҳои ғайриқонунии дар ҷумҳурӣ содиршавандаро “рӯйпуш” намояд. Таҳдидҳое ки имрӯз карда мешаванд, — анҷоми мантиқии маъракаи дар матбуот суратгирифта ва давоми мантиқии равандҳои дар кишвар идомаёбанда аст. Бидуни доштани  асоси қонунӣ барои сабукдуш намудани ман, доираҳои муайяни сиёсӣ тасмим гирифтанд ба чораҳои  фавқулода (манзур -террор) даст зананд.

Чӣ  амали ман ин одамонро қонеъ намегардонад? Сангаре, ки ман ҳамчун Прокурори генералӣ ишғол кардаам,  он аст, ки ман дар ҳифзи қонун истодааму  меистам ва ба касе иҷозат намедиҳам, ки онро вайрон намояд; он аст, ки  ман аз дилхоҳ ҳизб ва ҳаракат, новобаста аз он ки онҳо зери кадом шиор баромад мекунанд, риояи бечунучаро ва эҳтироми қонунро талаб  мекунам. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ маро мутақоид карда наметавонад, ки ба воситаи шиор ҳамаро асоснок кардан мумкин аст, кадом як идея (манзур-эъмори давлати исломӣ. – тавз. АМИТ “Ховар”) мавҷуд асту барои расидан ба он ҳаёти инсонро қурбон кардан лозим аст. Ин мавқеи ман, ба назарам ба онҳо мақбул нест.

Вазъият дар  ҷумҳурӣ хеле мураккаб аст… Нақшаи  бузургро дар раванди ба эътидол овардани вазъ метавонанд ВАО иҷро намоянд. Аммо баъзеи онҳо… баръакс ҷомеаро тақсим намуда,  ба самти ҷанги шарвандӣ бурда истодаанд”.

Яке аз хусусияти муҳими  вазъи сиёсӣ дар соли 1992 аз он иборат буд, ки аз моҳи май  то декабри ҳамин сол, ҳокимияти сиёсӣ   дар Тоҷикистон дар дасти ташкилоту созмонҳои наҳзатӣ ва  руҳониёни мутаассиб  қарор дошт.

22 апрели соли 1992 раиси Шурои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев дар зери фишори ин гурӯҳҳо ва  баъзе руҳониёни маъруфи ҷумҳурӣ, ки майдони “Шаҳидон”-ро ташкил карда буданду Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   пайваста таҳдиди сиёсӣ мекарданд, ба истеъфо рафт ва сарварони ин гурӯҳҳо аз ин ғалабаи худ хеле руҳбаланд шуданд.

Ба ақидаи муаррихи тоҷик М. Равшанзод, “хусусиятҳои марҳилаи аввали ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (аз 5 май то декабри соли 1992) дар он  ифода меёфт, ки бунёдгарони исломӣ ва иттифоқчиёни онҳо тавонистанд тавассути фиреб ва дуруғпардозӣ обрӯву мартабаи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти онро зери шубҳа қарор диҳанд. Онҳо  неруи ҷавонон ва аҳолии баъзе минтақаҳои ҷумҳуриро бар зидди миллати худ истифода намуда, 5 майи соли 1992 ҳукумати кишварро ғайриқонунӣ ғасб намуданд”. Аз ҷониби сарварони ташкилоту созмонҳои террористӣ “Ҳукумати муросои миллӣ”  таъсис ёфт, ки аз 5 май то декабри соли 1992 онро наҳзатимаобон идора мекарданд.

Бояд бо итминони комил гуфт, ки “Ҳукумати муросои миллӣ” прототипи  “давлати исломии Тоҷикистон” буд ва дар сурати амалӣ шудани тамоми мақсадҳои зиддитоҷикии онҳо   кишварамон   ҳамчун давлати мустақили миллати тоҷик аз байн мерафт. Ҳадафи  навбатии “Ҳукумати муросои миллӣ” ё  худ Ҳукумати  “исломӣ-демократӣ” ғасби ғайриқонунии курсии президентӣ дар Тоҷикистон ва минбаъд эъмори “давлати исломии Тоҷикистон” буд.

Дар расидан ба ин мақсади худ сарварони ин созмону ташкилотҳои экстремистию террорисмтӣ  ҳар касеро, ки бар  зидди ҳадафи онҳо баромад мекард, бо террори рӯирост таҳдид мекарданд. Қурбонии аввали ба ном  “Ҳукумати муросои миллӣ”  маҳз Н.Ҳувайдуллоев гашт, чунки ӯ як садди бузург дар роҳи наҳзатимаобон буд. Террори сиёсии Н.Ҳувайдуллоев  як тарҳи қаблан омодашуда буд. Амалисозии   ин тарҳ аз он оғоз гашт, ки роҳбарияти ин ташкилоту созмонҳо ва баъзе депутатҳои назҳатимаоби Шӯрои Олии ҶТ, телевизиони ба ном “мардумӣ” аз президент Раҳмон Набиев бо исрор талаб мекарданд, ки Н.Ҳувайдуллоевро аз  муҳофизони шахсӣ  маҳрум созанд. Зеро ба ақидаи  назҳатимаобон бо муҳофиз таъмин намудани Прокурори генералӣ гӯё амали ғайриқонунӣ буд. Муттассифона,  Раҳмон Набиеви аз ҷиҳати сиёсӣ сустирода, баъд аз он, ки Сафаралӣ Кенҷаевро ба наҳзатиён  “бой” дод, боз ҳам гаправи  ҳукумати ба ном “исломӣ-демократӣ” гашт ва Н.Ҳувайдуллоевро бе муҳофиз гузошт, яъне  ӯро рӯирост  ҳадафи тири  ифротгароёни исломӣ намуд.

Таҳлили маводи иттилоотии ҳамон давра гувоҳӣ медиҳанд, ки Р.Набиев албатта фирефтаи ваъдаҳои роҳбарияти ин ташкилоту созмонҳои экстремистӣ гардида  буд, ки мегуфтанд — агар ӯ талабҳои онҳоро иҷро намояд, ҳатман дар мансаби президентии худ боқӣ мемонад. Аммо  оё   ба онҳое, ки аз доштани давлати миллии худ ҳазар мекунанду даст ба эъмори давлати исломӣ мезананд, метавон итминон кард? Ҳеҷ гоҳ! Р.Набиев, ки натавонист ба ҳимояти ҳаммаслаконии сиёсии худ Сафаралӣ Кенҷаев ва Нурулло Ҳувайдуллоев коре анҷом диҳад, бояд бо ҳар восита аз арсаи сиёсии Тоҷикистон бартараф мегардид.

7 сентябри 1992 Президенти Тоҷикистон Р.Набиев  зери туфанги роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ ва иштироки атрофиёни сиёсии худаш, яъне аъзои Ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ки ба ӯ рӯирост хиёнат карданд, иҷборан ба аризаи истеъфои худ имзо намуд. Дар сурати ба истеъфои иҷбориаш розӣ нашудани Р.Набиев, ӯро тақдири Н.Ҳувайдуллоев интизор буд. Агар бигӯем, ки маҳз аз 7 сентябри 1992 ТТЭ ҲНИ  расман ба эъмори “давлати исломӣ” дар Тоҷикистон  шурӯъ намуд, хато нахоҳем кард.

Давраи фаъолияти  ба ном “Ҳукумати муросои миллӣ”, ки барои эъмори “давлати исломӣ” ҳама заминаҳои сиёсиро дар Тоҷикистон фароҳам овард, дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун  хунхортарин замон боқӣ хоҳад монд. Аммо  ба ном “Ҳукумати муросои миллӣ”, ки “аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифин таъсис ёфта буд ва аслан аз  аъзои ин гурӯҳҳои мухолиф иборат буд, аз ҷониби аксарияти аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳолии вилоятҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа  ва Ленинобод   пазируфта нашуд . Ситоди “Наҷоти Ватан”, ки аз ҷониби Шодмон Юсуф  таъсис дода шуд, аз  аввали моҳи июни 1992 ба генотсиди  халқи худ дар вилояти Қӯрғонтеппа  даст зад, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар кушта шуда, қариб 200 ҳазор одамон  ба вилояти Кӯлоб гурехтанд. Ба хотири дар даст нигоҳ доштани ҳокимият мухолифини наҳзатимаоб  боз ба як ҷинояти мудҳиш даст заданд. Онҳо бар зидди аҳолии 800 ҳазор нафараи вилояти Кӯлоб  муҳосираи иқтисодӣ ташкил намуданд. Ба ҳаёти қариб 1 миллион одам  марг аз гуруснагӣ таҳдид мекард.

Чуноне  ки  мебинем, Н. Ҳувайдуллоев ҳамчун ватандори асил   фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиро дарк карда буд ва  то охирин нафаси  худ  мехост,  ба онҳо муқовимат намояд. Баъд аз террори сиёсии ӯ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ, чӣ хеле ки ӯ пешбинӣ карда буд,  оғоз гашт. Айнан ҳамон  тавре, ки ӯ мегуфт, баҳри эъмори “давлати исломии Тоҷикистон” ҳазорон тоҷик қурбонӣ гардиданд.

Аммо Н. Ҳувайдуллоев дар мубориза бар ифротгароёни исломӣ  танҳо набуд. Ҳазорон фарзандони  баору номуси  Тоҷикистон баҳри дифои Ватан аз   ифротгарёни исломӣ бархостанд. Руҳи муҳофизи шаҳиди Истиқлоли Тоҷикистон  Н.Ҳувайдуллоев имрӯз  бояд осудаву шод бошад, чунки   орзуи  ӯ, яъне  дар  давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ намудани миллати  тоҷик амалӣ гардидааст.

Пас месазад, ки мо имрӯз ва ҳама рӯзҳои минбаъда аз он воқаеҳои мудҳиши ҳаёти кишвар ҷавононро хотиррасон карда, номи он шахсиятҳое, ки барои фардои дурахшони ин сарзамину мардуми шарифи он ҷонашонро дареғ надоштанд, ба некӣ ёдрас шуда, хотираашонро абадӣ гардонем. Дар ин ҷода барои абадӣ  гардонидани хотираи шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев дар миқёси кишвар иқдомҳое карда шуданд ва хосатан кӯчаеро дар пойтахти ҷумҳурӣ ба номи ӯ гузоштанд, ки боиси қадршиносию дастгирист, зеро дар ин зиндагии кӯтоҳ, вале пурбаракат ӯ тавонист, ки бо ҷасорату мардонагӣ, қатъияту устуворӣ ва халқпарварию меҳандӯстӣ номи хешро дар таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд. Ин корномаи аввалин Прокурори генералӣ, ки барои риояи қонун, тантанаи адолат ҷонфидоӣ кардааст, барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд мактаби сабақомӯзӣ бошад.

https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1543-215x300.jpg 215w" data-lazy-sizes="(max-width: 206px) 100vw, 206px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1543.jpg 314w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1543-215x300.jpg 215w" sizes="(max-width: 206px) 100vw, 206px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;">https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1547-300x167.jpg 300w" data-lazy-sizes="(max-width: 520px) 100vw, 520px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1547.jpg 600w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1547-300x167.jpg 300w" sizes="(max-width: 520px) 100vw, 520px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;"> https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1545-194x300.jpg 194w" data-lazy-sizes="(max-width: 211px) 100vw, 211px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1545.jpg 388w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1545-194x300.jpg 194w" sizes="(max-width: 211px) 100vw, 211px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;">https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1548-300x181.jpg 300w" data-lazy-sizes="(max-width: 531px) 100vw, 531px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1548.jpg 600w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1548-300x181.jpg 300w" sizes="(max-width: 531px) 100vw, 531px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;"> https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1560-231x300.jpg 231w" data-lazy-sizes="(max-width: 255px) 100vw, 255px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1560.jpg 462w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1560-231x300.jpg 231w" sizes="(max-width: 255px) 100vw, 255px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;"> https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1553-300x221.jpg 300w" data-lazy-sizes="(max-width: 470px) 100vw, 470px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1553.jpg 600w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1553-300x221.jpg 300w" sizes="(max-width: 470px) 100vw, 470px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;">

https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/sah-9-marosimi-dafni-ubajdulloev-2-269x300.jpg 269w" data-lazy-sizes="(max-width: 313px) 100vw, 313px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/sah-9-marosimi-dafni-ubajdulloev-2.jpg 402w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/sah-9-marosimi-dafni-ubajdulloev-2-269x300.jpg 269w" sizes="(max-width: 313px) 100vw, 313px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;">https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1546-300x256.jpg 300w" data-lazy-sizes="(max-width: 419px) 100vw, 419px" srcset="https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1546.jpg 600w, https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/i-1546-300x256.jpg 300w" sizes="(max-width: 419px) 100vw, 419px" style="max-width: 100%; height: auto !important; margin: 5px 20px 20px 0px; padding: 0px; border: none; outline: 0px; vertical-align: top; background: transparent;">

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2020 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov