Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Туҳмати беасоси иғвоангезон

DSC02915

Туҳмати беасоси иғвоангезон

Ё посух ба “Моликони мискини зар. Ё ғуломдорӣ дар асри 21 дар Ромит”-исомонаи www.payom.net

Дар шабакаи интернетӣ интишор гардидани маводҳои пурғараз баъзе шахсони ноогоҳро шояд бовар кунонад, ки онҳо воқеияте доранд.

Яке аз ин маводҳо бо номи “Моликони мискини зар. Ё ғуломдорӣ дар асри 21 дар Ромит” дар хусуси бебарқии деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ромит ба муштариёни шабакаҳои интернетӣ “мужда” расонида, сабткунандагони мавод худро “дилсӯзу ғамхор”-и сокинони ин минтақа “муаррифӣ” кардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли 70 соли ҳукмронии Ҳокимияти Шӯравӣ минтақаи Ромит аз назарҳо дур мондаву дар ҳақиқат ин мардум аз рӯшноӣ маҳрум буданду касеро парвои онҳо набуд. Маҳз бо шарофати як сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ дар соли 2017 ба ин минтақа ҷиҳати бо барқ таъмин намудани аҳолии он ба масъулон супориш доданд.

Соли равон аниқтараш 13 июл баҳри иҷрои дастури Пешвои миллат дар маркази Ҷамоати деҳоти Ромит санги асос бар бунёди зеристгоҳи 110 бар 20 киловолт ва кашидани беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 киловолт барои бо барқ таъмин намудани деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Коху, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пишандоч, Вистан ва Дашти мазори ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ромит гузошта шуд. Дар баробари ин тибқи лоиҳаи Агентии ҳамкории байналмиллалии Корея дар маркази ҷамоати деҳот бунёди беморхона дар назар аст, ки баҳри анҷоми ҳамаи ин корҳо 6 млн доллари амрикоӣ масраф мегардад. Дар давоми 18 моњи оянда бо кашидани шудани барқи доимӣ нурафшон хоҳад шуд.

Ҳамаи ин аз баракати як сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Ромит ва кӯшишу талошҳои Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир воқеъ гардид.

Агарчӣ роҳбарияти кунунии кишвар ва шаҳри Ваҳдат ҷиҳати рушду нумӯи ин гӯшаи дурдасти кӯҳистон пайваста азму талош доранд, аммо баъзе нотавонбинҳо ҳамаи инро нодида гирифтаву иғво меангезанд, аммо ин тоифаҳо худ намедонанд, ки мардум заршиносанду ғамхору дилсӯзи худро хуб медонанду пайи ин иғвогариҳо гӯш намеандозанд.

Дар ҳаққи онҳое, ки аз рӯи кина ва ғараз миёни мардум иғво меангезанд, шоир Абдулқосими Фирдавсӣ чӣ хуб гуфтааст:

Парастандаи озу ҷӯёи кин,

Ба гетӣ зи кас нашнавад офарин.

Агар он “дилсӯзҳо”-е, ки манфиати халқро “пуштибонӣ” карданианд, чаро аз худ намепурсанд, ки барои халқ чӣ кори савобе баанҷом расонидаанд. Кадом гӯшаеро сарсабзу хуррам ва обод гардонидаанд, ки халқ аз он баҳравар шуда бошад. Ҷойи ғаразу буҳтон ангехтан дар ободию шукуфоии диёрамон саҳмгузорӣ намуданамон аз ҳама авлотар аст.

Ҳамчунин ба иттилои нобиноён, иғвоангезон, дастҳисакорон мерасонем, ки бо ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин сол сохтмони 10 бинои муассисаи таълимӣ оғоз хоҳад гашт, ки давоми 2-3 соли охир ба анҷом расонида мешавад.

Раҳими Салим,

сокини шаҳри Ваҳдат

Тақвим

<< < Сентябр 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

© 2007 - 2019 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov