Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Вохӯрӣ бо сарбозон

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва аҳли зиёи мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон ва дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар вохуриҳо бо афсарону сарбозони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ватандӯстонаи ҳар як нафар ҷавони руҳан ва ҷисман солими ҷомеа маҳсуб меёбад.

 

Иштирокчиён дар рафт ҳамоиш аз шароити хизмати ҳарбӣ ва ҷойи машқу тамрини сарбозон дидан карданд. Бо мақсади руҳбаланд намудани афсарону сарбозон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста ба қисмҳои ҳарбии шаҳри Ваҳдат кумаки молиявӣ расонида мешавад.

Зимни баромад муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Хоҷазода Фарзона иброз доштанд, ки ташкилу баргузор намудани чунин тадбирҳои тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, мақсади баргузор намудани ин чорабиниҳо баланд бардоштани руҳияи аскарон ва тарғиби худшиносию худогоҳии ҷавонон нисбат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар ба шумор меравад.

 

         Бо ибтикори Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҳар иду ҷашнҳои давлатӣ вохӯрию барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорибиниҳо баланд бардоштани руҳияи сарбозон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар ин рӯз бо мақсади болидахотирии сарбозони қисмҳои низомӣ дастагули консертии ҳунармандони қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Тақвим

<< < Феврал 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov