Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         

Кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Ваҳдат нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун барномаи мукаммал ва рӯзмарраи худ арзёбӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондодҳои он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Бо маќсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки зимни ироаи Паёмашон ба МаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистон баён доштанд, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат аз тарафи Раиси шаҳр муҳтарам Амирзода РаҳмоналӣАмир ба кормандони мақомот, имомхатибон, духтурон ва фаъолони шаҳрнуқтахои муҳими Паём расонида шуд. Раиси шаҳр муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ иброз доштанд, ки ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди бахши саноат ва сохтмон, ҷалби мутахассисону сокинон дар бунёди иншооти сохташаванда маҳаки асосии фаъолияти кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба шумор меравад. Айни замон баҳри ободии диёр дар шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 2 ҳазор нафар мутахассисон, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёди иншооти нави гуногунсоҳа бо вусъат идома дорад.

 

Дар Паёми навбатӣ ироа гардид, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини бозори истеъмолӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони мамлакат барои як сол-соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд. Бо ин мақсад кишоварзонро зарур аст, ки минбаъд бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои иноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро дар соли ҷорӣ бояд таъмин намоянд.

Нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони касбу кори гуногун ва дар маҷмуъ сокинони шаҳри Ваҳдат сармашқи кори ҳамарӯзаи хеш қарор дода, барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии худ саҳми арзанда мегузоранд.

Тақвим

<< < Феврал 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2021 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov