Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

ТАНТАНАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА ШИКАСТИ КАБИРӢ

(Аз мунозираи ду рақиби оштинопазир кадом хулосаҳо бармеоянд?)

I.

Дар тӯли се сол, Додоҷон Атовуллоев борҳо Муҳиддин Кабириро ба мунозира даъват карда буд. Вале ӯ бо баҳонаҳои мухталиф аз мубоҳисаи ошкоро имтиноъ меварзид.

Ниҳоят, вохӯрии рӯ ба рӯи онҳо баргузор гардид. Ва на дар ҳар ҷое, ки рост омад, балки дар студияи радиои Амрико.

Кабирӣ ба ин мунозира бо сенарияи қаблан таҳия шуда бо нияти моил намудани Атовуллоев ба мусолиҳа омада буд. Вай пешакӣ худро ба иҷрои нақши ОМӮЗГОР, ва мустаҳақи панду насиҳат ва ҳидояти Додоҷон "ба роҳи рост" омада буд. Ва умедвор буд, ки яхи дили Додоҷон об мешавад ва ба ӯ дасти дӯстӣ медиҳад, ва худро маҷбур карда гуфт: "Мо хизматҳои Додоҷонро эътироф мекунем»!

Лаҳни мағруронаи Кабирӣ дар оғози мунозира (Ту кӣ ҳастӣ?! Ман қудрат дорам!), ибораи вирди забони ҳамагон шудаи Гурбаи Леополд аз филми маъруфи замони Шӯравро ба ёдам овард: “Бачаҳо! Биёед дӯстона зиндагӣ кунем"!

Аммо, аз дақиқаҳои нахустин Додоҷон ба ӯ фаҳмонид, ки ин ҷо гап -гапи кадом як мусолиҳа нест ва ба ҳуҷум гузашт. Сенарияи қаблан таҳиянамудаи Кабирӣдар қоғаз рӯи мизи корӣ боқӣ монд ва аз наздик ба навор афтод. Ҳамзамон нақши мураббии беозор ва зиёӣ пора-пора ва фурӯ рехт!

ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ: “То замони омадани Кабирӣ мухолифини дар хориҷа будаи тоҷик дар Аврупо муттаҳид буданд. Тамоми кашмакашҳо, дасисаҳои пушти парда ва хусуматҳои мутақобила пас аз омадани Кабирӣ шурӯъ шуданд! Тоҷикони бонуфузи ба Аврупо кӯчбаста - Ҳафиз Бобоёров, Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Бахтиёр Аминӣ, Абдуазим Абдуваҳобов, Исфандиёри Назар, Ганҷина Ганҷова ва Ҳарамгули Қодир наметавонистанд дар фазои эҷодкардаи Кабирӣ, ки оганда аз дурӯғ ва риёкорӣ аст бо ӯ якҷо бошанд! (Эҳтимол, аз мадди назари тамошобинон дур намонда башад - вақте ки Кабирӣ фамилияи охиринро шунид, ранги рӯяш парид ва интизор дошт, ки Додоҷон сирри махфии ӯро ифшо мекунад). Аммо дили Додоҷон, шояд, ба рақибаш сӯхт - С.М.). Маҳз пас аз омадани шумо теъдоди зиёди тоҷикон аз Аврупо ихроҷ шуданд"!

КАБИРӢ: "Аврупо барои баъзеҳо чарогоҳ нест!"

АТОВУЛЛОЕВ: “Ин шумо ҳастед, ки Аврупоро мисли Файзобод на танҳо ба ба чарогоҳ, балки ба оғилхона табдил додаед! Аниқтараш Еврооғил!

Дар чанд соли охир маъракаи ҳуҷум алайҳи ман аз ҷониби фабрикаи ҷавоби шумо қатъ намешавад, балки, баръакс, шадидтар мешавад"!

КАБИРӢ: “Ман ҳеҷ гоҳ алайҳи шумо чизе нанавиштаам. Ман ягон фабрикаи ҷавоб надорам. Ман наметавонам ба ҷои тамоми тарафдоронам, ки ба шумо ҳамла мекунанд, ҷавобгар бошам. Ман онҳоро назорат намекунам"!

АТОВУЛЛОЕВ бо заҳрханда: "Бо дастури шумо, хабарҳои ҷаълии шуморо зидди ман менависанд"!

КАБИРӢ: "Ин нодуруст аст"!

АТОВУЛЛОЕВ: “Шумо созмони сиёсӣ не, балки як фирқаи мазҳабӣҳастед!. Ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, ки бидуни иҷозати шумо алайҳи касе бинависад! Танҳо як мисоли маъмул. Алим Шерзамонов ва Темур Варқӣ - шарикони наздиктарини шумо муддати ду сол Қадам Исматовро мавриди ҳамла қарор дода буданд ва ӯро ҳамчун Атовуллоев муаррифӣ мекарданд! Ман Қадам Исматовро намешиносам. Аммо вақте ки ӯ акси худро бо тавзеҳот дар ФБ нашр кард, на Темур, на Алим ва на дигар аъзои роҳбарияти созмони шумо зарур надонистанд, ки узрҳоҳӣ кунанд"!

Дар ин лаҳза, ки КАБИРӢ бо далелҳои раднашавандаи дар мавриди созмондиҳии маъракаи ҳадафноки ҳамла алайҳи душманаш ДОДОҶОН ба зовия ронда шуд, ногузир иброз намуд: "Аз Қадам Исматов узр мехоҳам"!

Суханони АТОВУЛЛОЕВ ин муҳорибаро ба нуқтаи авҷи худ расониданд: “СИПОҲИ ПОСДОРОНИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМИИ ЭРОН - ДАР ПУШТИ КАБИРӢ ИСТОДААСТ! Сомонаи ТАСНИМ, ки марбути яке аз муқтадиртарин хадамоти махсуси ҷаҳон мебошад, ба минбари Кабирӣ ва рӯзноманигорони дар атрофи ӯҷамъ омада мубаддал шудааст"!

Пас аз чунин ифшогарӣ КАБИРӢ ошуфта шуд, аммо баъдтар худро ба даст гирифт ва иброз намуд:

«Ҳоло ман аз тариқи радиои Амрико суханронӣ мекунам, вале ин маънои онро надорад, ки Амрико маро дастгирӣ мекунад! Ман метавонам ҳатто (мутаваҷҷеҳ бошед, ҳатто! - С.М.) дар ВАО-и Исроил суханронӣ кунам"!

Истед! Дар ВАО-и Исроил?! Донистан ҷолиб аст, ки хоҷагони КАБИРӢ аз Эрон нисбати ин нияти ӯ чӣ тавр аксуламал хоҳанд кард. Охир, шиори "Марг ба Исроил!" дар ин кишвар бисту чор соат дар як шбонарӯз садо медиҳад! Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ягон кишвари дигаре нест, ки нисбат ба дигар кишвар мисли Исроил ва Эрон хусумат дошта бошанд!

Тӯли бисту панҷ сол Ҳизби исломӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳисси нафратро нисбат ба яҳудизм тарғиб мекард! Биёед чунин вазъиятро ба худ тасаввур кунем. Чӣ тавр КАБИРӢ ба саволи ягон нашрияи исроилӣ, ки хостори дар саҳифаҳои худ ҷой додани мусоҳиба бо ӯ шудааст, посух хоҳад дод: "Оё шумо имрӯз ҳам нисбати яҳудият хусумат доред?"

Аммо чизе, ки барои ман шигифтовар аст, ин муқоисаи сомонаи хадамоти махсуси Эрон бо маъмултарин радиои амрикоӣ дар ҷаҳон мебошад, ки барои рӯзноманигорони амрикоӣтавҳиномез аст.

Шояд ҳамаи тамошобинон, мисли ман, бесаброна интизори саволу ҷавобҳои зерин бошанд: “Оё эҳтимоли ягон вақт оштӣ шудани Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабирӣ вуҷуд дорад? Оё онҳо метавонанд ҳамчун мухолифини воҳиди хориҷии Тоҷикистон бо ҳам бошанд"? Вақте муҷрӣ Мирзонабии Ҳоликзод ин саволҳоро матраҳ кард, Атовуллоев аввалин шуда ба онҳо посух дод: "Ман ва тарафдоронам ҳаргиз бо ин мухолифин нахоҳем буд, чунки ин роҳ ба қарни гузашта аст”!

II.

Аз ин мубоҳиса, ки бештар ба муноқишаи шифоҳӣ қаробат дошт, ман ба ХУЛОСАҲОИ зерин омадам:

1. Ин набард ё ҷаги тан ба тан – пирӯзӣ ва тантанаи АТОВУЛЛОЕВ ва шикасту бохти КАБИРӢ аст!

Додоҷон бори дигар ба таври муътамад собит намуд, ки Ҳизби рондашуда ва матруки наҳзати ислом зода, маҳсул ва парвардаи хадамоти махсуси Эрон буд ва мебошад!

КАБИРӢ бошад, пешорӯи далелҳои фошкунандаи АТОВУЛЛОЕВ оҷиз монда, худ бехабар бори дигар чеҳраи дурӯғин, гуфтори козиб ва дурӯягии худро ошкор сохтаю намоиш дод!

2. Дар ҳар як кишвари мутамаддин ҳизби сиёсӣ, ки агар робитааш бо хадамоти махсуси давлати дигар исбот шавад, дар як он аз арсаи сиёсат нобуд мегардаду ғайб мезанад, роҳбарони он бошанд, ба ҷасадҳои сиёсӣ табдил меёбанд.

Яке аз таззодҳои Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳукуматдорони он дар тӯли 25 сол чашм бар он пӯшида буданд, ки чӣ гуна Ҳизби лӯхтакмонанд ва дастнигари наҳзати ислом, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Эрон маблағгузорӣ мешавад, фаъолияти гуногунҷабҳа мебарад, то ақлҳоро тирагун созад. Дар натиҷа, дар мамлакат аз миёни ҷавонон насле ташаккул ёфт, ки дар рӯҳияи кӯркорона суҷуд овардан тарбия ёфтаааст ва аз қобилияти мустақилона фикр рондан дар асоси далелҳои илмӣ орӣ мебошад.

Ва танҳо пас аз кӯшиши бебарори табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри 2015–ум фаъолияти ин ҳизби бозичаи дасти дигарон мамнӯъ эълон гардид.

Лекин саркардагони ҷон ба саломат бурдаи ин ҳизб ба Аврупои дуқолабӣ фирор намуда, дар он ҷо паноҳ ёфтанд ва пироҳани демократӣ ба бар карданд. Мубаллиғони навбаромад шиорҳои дурӯғини Ғарбро, аз қабили “Озодии сухан”, “Ҳуқуқҳои инсон”, “Демократия”, “Ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз ёд карда аз тариқи интернет бисту чаҳор соат тӯтивор ҷор мезананд: “Мо барои озодӣ ва демократия мубориза мебарем!”

Дигар чӣ ҳам кунанд? Як бурда нон ёфтан лозим!

3. Рӯзноманигор Мирзонабӣ Холиқзода аз Кабирӣ дида бештар гапи Атовуллоевро мебурид. Ӯ ҷонибдории худро аз Кабирӣ пинҳон карда наметавонист.

Сабти видеоии мубоҳисаро такроран тамошо карда, муайян намудам, ки Атовуллоев ҳамагӣ 15,3 дақиқа суханронӣ кардааст, Кабирӣ бошад 21,3 дақиқа.

Дар мубоҳисаи ду муддаӣ, барои ҳар кадоме дақиқа ҳам бошад, ҳатто сония муҳим аст. Вақти бештар додан ба яке аз онон шаҳодати пастҳимматии ташкилкунандагони мубоҳиса аст.

Ин ягон аҷобат надорад! Аз кас пӯшида нест, ки филиали тоҷикистонии радиои амрикоӣ кайҳост, ки чун минбари оппозитсияи исломии Кабирӣ хизмат мекунад.

III. Хулосаи асосии ман.

Нафари якка ҳам дар майдони ҷанг сарбоз аст. Ӯ Додоҷон Атовуллоев аст!

Мошини муқтадири тахрибию ахборотии Кабирӣ – сомонаҳо, шабакаҳои телевизиони, Ютуб, ФБ, ки вай ҳамарӯза барои онҳо миллионҳо доллари Эронро сарф мекунад, дар назди як Инсон заифу нотавонанд.

Зеро тамоми фаъолияти сиёсии Кабирӣ ва тими ӯ дар заминаи фиребу найранг ва ғараз сурат мегирад!

Сиёсат барои Кабирӣ тиҷорат асту бас! Барои пешхизматонаш бошад роҳи наҷот аст аз гушнагӣ!

Барои Атовууллоев бошад сиёсат муборизаи беғаразона барои ғояҳои хеш! Ҳадафи асосии ба вуҷуд овардани ҷомеаи адолатпарвар дар Тоҷикистон ва шукуфоии ватанаш мебошад!

P.S. Дар луғоте, ки Кабирӣ истифода мебарад, бисёр вожа ва ибораҳои ҷолиб ҳастанд. Инак, чанде аз онҳо:

1. Сабр. Ин калима вақте, ки Ҳизби наҳзати ислом таҳти роҳбарии ӯ ба ном оппозитсионӣ, дар асл иҷрокунандаи фармоишҳои Ҳукумат буд, аз забони вай қариб ҳар рӯз садо медод. Беҳуда он замон ба ӯ лақаби “Бачаяки гапгир”-ро надода буданд.

2. Занталоқ мехӯрем.

3. Босмачиҳо – қаҳрамонони миллат.

4. Инак, дар мубоҳиса бо Додоҷон калимаи наверо бар забон ронд, ки то дергоҳ дар ёдҳо мемонад: чарогоҳ. Атовуллоев олиҳимматона ба ӯ дасти кӯмакро дароз карда, ин калимаро дар нисбати Аврупо такмил дод – Еврооғил.

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=1186664971715894&id=100011172064953

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2020 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov