Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

DSC02915       

        Бо мақсади таъмин намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кадрҳои лаёқатманд, таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҳангоми дохилшавӣ ба хизмати давлатӣ, ишғоли ҷои холии мансаби давлатӣ дар хизмати давлатӣ озмун барои мансабҳои зерин гузаронида мешавад:

1.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр – маоши мансабиаш 660 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат – маоши мансаби 804 сомонӣ

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – маоши мансаби 804 сомонӣ.

4.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев – маоши мансаби 984 сомонӣ.

5.Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои муҳосиби)-и Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев – маоши мансаби 804 сомонӣ.

6. Мутахассис (оид ба корҳои хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев – маоши мансаби 660 сомонӣ.

7.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев – маоши мансаби 804 сомонӣ.

8.Мутахассис (оид ба корҳои Нозири мизи ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти К.Исмоилов – маоши мансаби 660 сомонӣ.

9.Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов – маоши мансаби 984 сомонӣ.

10.Мутахассиси (оид ба корҳои ҳисобчӣ хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов – маоши мансаби 660 сомонӣ.

11. Сармутахассис (муҳандис - заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби 984 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари (оид ба корҳои ҳисобчи хазинадор)-иҶамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби 804 сомонӣ.

13. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансабиаш 804 сомонӣ.

14. Мутахассис (оид ба корҳои Нозири мизи ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ – маоши мансаби 660 сомонӣ.

15. Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон – маоши мансаби 984 сомонӣ.

16. Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон – маоши мансаби 984 сомонӣ.

17. Мутахассиси пешбар (оид ба корҳои ҳисобчи хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Баҳор – маоши мансабиаш 804 сомонӣ.

18.Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Ромит – маоши мансаби 984 сомонӣ.

19.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ромит – маоши мансаби 984 сомонӣ.

20. Мутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Ромит – маоши мансаби 660 сомонӣ.

21. Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Б. Бурунов – маоши мансаби 984 сомонӣ.

22. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов – маоши мансабиаш 804 сомонӣ.

23. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ – маоши мансаби 984 сомонӣ.

24.Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ – маоши мансаби 984 сомонӣ.

Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар озмуни мазкур бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Ваҳдат пешниҳод намоянд:

1. Ариза ба раиси комиссияи озмун.

2. Варақаи шахсӣ.

3. Тарҷумаи ҳол.

4. Нусхаи шиноснома.

5. Нусхаи диплом.

6. Нусхаи маълумотнома (ИНН) аз нозироти андоз.

7. Маълумотномаи тиббӣ (формаи 86).

8. Расм (андозаи 4х6) 4 адад.

9. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

10. Тавсифнома.

      Қабули ҳуҷҷатҳо то 10 майи соли 2020. Санаи баргузории озмун 15 майи соли 2020. Суроға: шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият-12. Тел: (8-31-36) 2-51-08, (8-31-36) 2-35-75

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30        

Портали савдои Тоҷикистон (www.tajtrade.tj)


© 2007 - 2020 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov