Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Баргузории консерти бошукӯҳи идона бо иштироки беҳтарин сарояндагони кишвар бахшида ба ҷашни Наврӯи оламафрӯз дар шаҳри Ваҳдат

  1 copy copy copy   

     Варзишгоҳи тозабунëди шаҳри Ваҳдат, ки барои 25 ҳазор тамошобин сохта шудааст, рӯзи 27 июни соли 2017 дар ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидааст, имрӯз макони баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишию фарҳангии сокинони ин диëри зебоманзар гардидааст.

35404968242 eec71573c1 o

     Рӯзи дуюм аст, ки ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз дар ин иншооти тозабунëд чорабиниҳои идона доир мегарданд. Барномаи консертӣ, ки имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки беҳтарин ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва ширкати фаъолонаи зиëда аз 25 ҳазор тамошобин гузаронида шуд, бори дигар собит намуд, ки мардуми тоҷик дорои маданият ва фарҳанги пурғановат буда, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи ҷомеъа, арзишҳои волои фарҳангиро гиромӣ медоранд. Васфи Ватан, модар, баҳори нозанин, дамидани субҳи зебои диëр ва Наврӯзи фархундапайро ҳунармандон дар барномаи консертии худ ҷой дода, сокинонро дар рӯзҳои таҷлил намудани ҷашни Наврӯзии ҷаҳонӣ бо ин барномаи фарҳангӣ шоду масрур гардониданд. 

     Зикр гардид, ки агар ҳар як барнома аз рӯи завқ ва диди тамошобин таҳрезӣ ва ташкилу баргузор карда шавад, он барои мухлис ҷолибу хотирмон мегардад. Ин армуғони идонаро, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат да фасли зебои сол - баҳори нозанин баргузор кардаанд, онро дастагуле дар самти баланд бардоштани маърифати фарҳангии сокинон маънидод менамояд.


    Истиқболи Наврӯзи ҳуҷастапай дар варзишгоҳи тозабунëди шаҳри Ваҳдат собит намуд, ки имрӯз мардуми кишвар ба ҷойҳои баргузории чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд. Аз ширкати фаъолонаи зиëди сокинони ин диëри зебоманзар маълум мегардад, ки барномаи консертии имрӯза ба хушҳоливу болидарӯҳии иштирокчиëни чорабинӣ таровати дигар зам намуд.

28828376 105166066995674 299417099540086181 o

29496670 126514948188302 7640553820933586944 n

29511390 126515221521608 8230433262250491904 n

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

© 2007 - 2018 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov