Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

     Бо мақсади таъмин намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кадрҳои лаёқатманд, таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҳангоми дохилшавӣ ба хизмати давлатӣ, ишғоли ҷои холии мансаби давлатӣ дар хизмати давлатӣ озмун барои мансабҳои зерин гузаронида мешавад:

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳр

2. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

4. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

5. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев

6. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти К. Исмоилов

7. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов

8. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов

9. Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ

10. Сармутахассис (оид ба корҳои омор)-и Ҷамоати деҳоти Симиганҷ

11. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Симиганҷ

12. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Симиганҷ

13.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Симиганҷ

14.Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Чуянгарон

15.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Чуянгарон

16.Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Ромит

17.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ромит

18.Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Б. Бурунов

19.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Б. Бурунов

20.Сармутахассис (Сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Чорсӯ

21.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ

22.Мутахассиси пешбари Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ

23.Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ

Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар озмуни мазкур бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Ваҳдат пешниҳод намоянд:

1. Ариза ба раиси комиссияи озмун.

2. Варақаи шахсӣ.

3. Тарҷумаи ҳол.

4. Нусхаи шиноснома.

5. Нусхаи диплом.

6. Нусхаи маълумотнома (ИНН) аз нозироти андоз.

7. Маълумотномаи тиббӣ (формаи 86).

8. Расм (андозаи 4х6) 4 адад.

9. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

10. Тавсифнома.

      Қабули ҳуҷҷатҳо то 10 марти соли 2017. Санаи баргузории озмун 17 марти соли 2017. Суроға: шаҳри Ваҳдат, кӯчаи 20-солагии Истиқлолият-12. Тел: (8-31-36) 2-51-08, (8-31-36) 2-35-75

Тақвим

<< < Июл 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

© 2007 - 2017 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov